ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Манижа Давлат сарояндаи овозадори тоҷик дар сафҳаи фейсбукияш эълом карда, ки дар ояндаи наздик ба саҳна бар хоҳад гашт.
"Барои баъзе санъаткорҳое, ки хеле талош карданд, ки ман аз саҳнаву ҳаводоронам дур шавам то, ки онҳо рушд кунанд ва барои ин бисёр чизҳо ва номи бисёр нафаронро истифода бурданд.
Ҳарчи, ки хостанд дареғ надоштам ва шанс додам. Гуфтам: "агар ба ҳамин қадар кор душмани ман хурсанд гардад ман розӣ ҳастам… Саволе ба миён меояд, ки онҳо ҳам метавонанд 11 — 12 соли умри худро барои ман дареғ надоранд. Агар тавонанд — МАН БА САҲНА МЕБАРОЯМ!", — навиштааст Манижа Давлат дар сафҳаи фейсбукии худ.
Манижаи Давлат камобеш 15 сол пеш аз ин рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Нахустин барномаи ҳунарии ӯ соли 2002 дар "Кохи Борбад" баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт.
Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижа Давлат дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард, вале барои овозхонҳои дигар оҳанг эҷод мекунад.