ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Аз 4 то 13 август дар шаҳри Лондон Чемпионати ҷаҳон дар намуди варзиши сабук доир мегардад, ки дар он 2 варзишгари Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд варзид, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ин қаҳрамонӣ ғолиби Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров меъёрҳои муайяннамудаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабукро (IAAF) иҷро ва ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳонро пайдо кард. Дилшод Назаров 9 июл дар чемпионати Осиё (Ҳиндустон) сазовори медали тилло гардида буд.
Кристина Пронженко (дар намуди дав ба масофаи 400 метр) тибқи квотаи IAAF дар чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад.
Ба барномаи чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук 47 қувваозмоӣ — 24 қувваозмоӣ миёни мардон ва 23 қувваозмоӣ миёни бонувон ворид гардидааст.
Кристина дар намуди дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа миёни бонувон рӯзҳои 6, 7 август рақобат мекунад. Дар сурати ба даври дигар роҳхат гирифтан, қувваозмоиҳо то 11 август идома меёбад.
Қувваозмоии гурзпартоӣ бошад, ки Дилшод Назаров дар он ширкат мекунад, 9 август шуруъ мегардад. Даври финалии қувваозмоӣ 11 август баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳондар намуди варзиши сабук соли 2015 дар Пекини Чин сазовори медали нуқра шуда буд.