Пирӯзии чаҳоркарата: Дилшод Назаров бори чаҳорум қаҳрамони Осиё шуд

© SputnikДильшода Назарова встречают в аэропорту Душанбе.
Дильшода Назарова встречают в аэропорту Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин пирӯзии чаҳоруми Дилшод Назаров дар сабқати Осиёӣ мебошад. Солҳои 2009, 2013 ҷв 2015 низ варзишкори тоҷик ғолиби ин мусобиқа шуда буд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Варзишкори номдори тоҷик Дилшод Назаров дар қаҳрамонии Осиёи оид ба варзиши сабук дар Ҳиндустон мақоми аввалро аз худ кард.

Сабқат дар шаҳри Бҳубанешвар доир градид. Назаров гурзро ба масофаи 76,69 ҳаво дода, қаҳрамони чоркаратаи Осиё шуд.

Ҷои дуюмро варзишкори чинӣ гирифту, мақоми сеюмро гурзандози кореягӣ аз худ кард.

Ёдоварӣ мекунем, ки пештар қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 — Дилшод Назаров беҳтарин варзишкори Осиё эълон шуд.

Лентаи хабарҳо
0