Фаъолони Душанбе суханҳои раисҷумҳурро ба мардум мефаҳмонанд

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурДар ҷаласа бо раисҷумҳур
Дар ҷаласа бо раисҷумҳур - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тӯли як моҳ гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони масъули мақомоти шаҳри Душанбе дар шаҳраку маҳаллаҳо ба мардум нуктаҳои асосии суханронии Эмомалӣ Раҳмонро, "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мефаҳмонанд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдори Душанбе, тӯли як моҳ гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони масъули ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҳаллаҳо нуқтаҳои асосии суханронии раисҷумҳурро, ки дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гуфта буд, мефаҳмонанд.

Чунин тасмим рӯзи 19 июл дар мулоқоти корӣ бо роҳбарон ва намояндагони сохтору муассисаҳои мақомоти шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Женщины Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Э. Раҳмон ба бонувони тоҷик: ҳамсаронатонро ба азоби руҳӣ гирифтор накунед

Ба гузориши манбаъ, ин мулоқот таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Душанбе, Муинӣ сурат гирифта, дар кори он кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва дигар ниҳодҳо ширкат кардаанд.

Дар ин дидор аз қабули қонун ба ҳайси яке аз иқдомоти муҳимтарин ва таърихӣ дар роҳи эҳё, ҳифз ва рушди анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард, изҳори қаноатмандӣ шудааст.

Ва дар ин маҷлис қарор шудааст, ки тӯли як моҳ гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони масъули ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҳаллаҳо нуқтаҳои асосии суханронии раисҷумҳурро, ки   дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба муносибати 10-солагии қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гуфта буд, мефаҳмонанд.

Таджикская свадьба - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ: мардуми Душанбе дар даҳ сол чанд сур барпо карду чанд гов кушт?

Тибқи гузориши масъулин аз соли аввали қабули қонун, яъне аз моҳи июни соли 2007 то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ  14191 маъракаи хатнасур, 48005 тӯйҳои домодию арӯсӣ  , 16008 маъракаи чил ва 13585 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Барои баргузории ин маъракаҳо 21988 чорвои калон ва 7281 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 91803 ададро ташкил медиҳад. Хароҷоти умумӣ  ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда, зиёда аз 277 миллиону 3 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад.

Ҳамчунин дар давоми даҳ соли сипаригардида, 381 адад тӯйҳои домодию арӯсии хайриявӣ  ва 5840 адад хатнасурҳои хайриявӣ  баргузор карда шудааст. Ҳангоми назорат аз рафти баргузории маъракаву маросимҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулини соҳа 595 ҳолати вайрон намудани қонун ошкор гардидааст. Мақомоти ваколатдори шаҳри Душанбе, ки татбиқи қонуни зикршударо дар қаламрави пойтахт таъмин менамоянд, фаъолияти сохторҳои марбутаро баррасӣ  ва таҳлил  карда, ба масъулин дар иҷрои он дастуру машваратҳои  самарабахш пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар дидор бо фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон ва муҳокимаи масъалаи риояи қонуни танзим ва ҷашну маросимҳо, ба масъулин супориш додааст, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкарда озод намудани раисони саҳлангор, ки талаботи қонунрро риоя намекунанд, пешниҳод намоянд.

Лентаи хабарҳо
0