ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳазинаи ҷашну маросими пойтахтиён дар даҳ сол баровард шуд.
Дар пойтахти Тоҷикистон барои арзёбии даствардҳои даҳсолаи иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" ҳамоиш баргузор шуд.
Мавзуъи ҳамоиш "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон": дастовард ва дурнамои он дар шаҳри Душанбе" буд.
Масъулини иҷрои ин қонун дар ин ҳамоиш гузориш доданд, ки аз моҳи июни соли 2007 то 2017 дар қаламрави шаҳри Душанбе 14 191 маъракаи хатнасур, 48 005 ҷашнҳои домодиву арӯсӣ, 16 008 маъракаи чил ва 13 585 маъракаи сол баргузор шудааст.
Барои баргузории ин ҷашну маросим 21 988 чорвои калон ва 7 281 чорвои хурд забҳ шудааст.
Дар даҳ сол бошандагони Душанбе 91 803 ҷашну маросим барпо кардаанд. Ҳазинаи куллии ин маросимҳо беш аз 277 милюну 3 ҳазору 245 сомонӣ баровард шудааст.
Дар даҳ соли гузашта, 381 ҷашни домодиву арӯсии хайриявӣ ва 5 840 маросими хатнасури хайриявӣ баргузор шудааст.
Дар паи бозрасии раванди баргузории ҷашну маросимҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулин 595 мавриди қонуншиканӣ ошкор шудааст.