Э. Раҳмон ба бонувони тоҷик: ҳамсаронатонро ба азоби руҳӣ гирифтор накунед

Обуна шудан
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад бо фаъолон ва намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар дидор карда, аз фаъолияти 10-солаи қонуни тазими ҷашну маросимҳо, натиҷагирӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон нақши занонро дар риояи қонуни мазкур марказӣ шумурда гуфтааст, ки "ҷиҳати ба танзим даровардани маросиму маъракаҳо, махсусан, модарон ва занҳо метавонанд бештар саҳм гузоранд".

"Мо ба мақоми ин табақаи фаъоли ҷомеа ва посдори оила арҷ мегузорем ва манфиату ташаббусҳои онҳоро ҳамеша дастгириву ҳимоя мекунем",- гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони кишвар танзими анъанаро муҳокима кард

Бонувон — гунаҳкоранд

Ба гуфти раисҷумҳур, вале дар аксари мавридҳои вайрон гардидани талаботи қонуни танзим, модарону бонувони муҳтарами мо ташаббускору гунаҳгоранд.

Дар ҳоле ки дар танзими расму ойинҳо, маъракаҳои хурсандиву маросими азодорӣ, пеш аз ҳама, модарону хоҳарони мо бояд фаъол бошанд ва талаботи қонунро риоя карда, ба зиндагии хонадон ва оилаи худ сабукиҳо оваранд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки занон бояд бо сабру таҳаммул бошанд, ба зоҳирпарастиву худнамоӣ, кибру ғурур ва кӯшишҳои худро аз дигарон боло гузоштан роҳ надиҳанд, аз сарфу хароҷоти зиёдативу нораво ва гузаронидани маъракаҳое, ки қонун онҳоро манъ намудааст, худдорӣ кунанд.

Зиндагӣ як рӯз нест

Ба гуфти раисҷумҳур, дар арафаи идҳо хариди маводи ғизоӣ ва маҳсулоти дигар чунон зиёд мешавад, ки гӯё имрӯз ё пагоҳ зиндагӣ ба охир мерасида бошад. Дар ҳоле ки мо бояд фикри фардоро кунем ва барои оростани дастурхони якрӯзаи идона маблағи чандмоҳаи буҷети оилавиро сарф насозем.

Раисҷумҳур аз бонувони тоҷик даъват кардаст, ки ба қадри оила ва заҳмати ҳамсарони худ расанд ва нагузоранд, ки онҳо баъди маъракаҳои серхарҷу серташвиш қарздор ва ба азоби рӯҳӣ гирифтор шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон аз осори гузаштагон мисол оварда гуфтааст:

Зани хуби фармонбари порсо

Кунад марди дарвешро подшо.

Лентаи хабарҳо
0