ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. ВУД ҶТ аз нишасти матбуотие, ки бо иштироки вазири ин ниҳод баргузор шуд, гузориш дод. Бино бар иттилои манбаъ, вазири умури дохила генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва амалҳои хилофи қонун изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар матбуоти даврӣ ба таври васеъ инъикос гардиданд, ки дар ин ҷода ранҷу заҳмати масъулини ВАО назаррас мебошад.
Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон кафили тинҷиву осудагӣ ба шумор рафта, кормандони милитсия дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар 6 моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дод.
Қайд гардид, ки дар ин давра 12 ҳазору 638 (2016-12519) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 83 (соли 2016-87,3) фоизро ташкил медиҳанд.
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 17 (соли 2016-27) гурӯҳи муташаккили ҷинояткор муайян ва дастгир карда шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2233 (2016-2283) ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб куштор-49 (2016-39), роҳзанӣ-23 (2016-29), ғоратгарӣ 77 (2016-89),таҷовуз ба номус-26 (2016-19), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-60 (2016-58), авбошӣ-564 (2016-540), дуздӣ-3119 (2016-2827) ҳолат, инчунин 1408 (2016-2015) ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 293 (2016 — 351)ҷиноят вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор карда шуд.
Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории самаранок бо шаҳрвандон аз аҳолӣ аз аввал то ба имрӯз 41 ҳазору 373 адад ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1044 (2016-1052) адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз ҷониби ноболиғон 339(соли 2016 — 410)ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 ҳолат камтар мебошад. Аз тарафи ҷавонон бошад 5852(соли 2016-5840)ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо соли гузашта 12 ҳолат зиёд гардидааст.
Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 591 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 194 нафар ҳалок ва 623 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар ҷумҳурӣ 597 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 14 нафар одамон фавтиданд, ки 5 нафарашаон ноболиғ мебошанд, 20 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Маблағи зарар қариб 4 миллион сомониро ташкил дода, беш аз 140 миллион сомонӣ молу мулки шаҳрвандон аз сӯхтор эмин нигоҳ дошт шуд.Дар ин муддат дар минтақаҳои гуногуни кишвар чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, фарҳангӣ, маданию варзишӣ, вохӯриҳо бо ҷомеа ташкил ва гузаронида шуданд.
Аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо" 26 мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд. Варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ дар 27 мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва 7 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 62 медали тилло, 48 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, ҷиноятҳои муташаккил, киберҷиноятҳо, ислоҳоти милитсия, душаҳрвандӣ, тамдиди иваз намудани бақайдгирии рақамҳо, чораҳои андешидашуда нисбати ноболиғони ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо даст зада, теъдоди гумшудаҳо, қаллобӣ, савдои кӯчагӣ, рабудани автомашинаҳо, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода посухҳои мушаххас гирифтанд.
Қайд гардид, ки шумораи зиёди ҷавонони фаъоли кишвар ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб гардида, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҳамкорӣ бо макомоти милитсия нақши арзанда мегузоранд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод, самимӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиёда аз якуним соат баргузор гардида, рӯзноманигорон аз баргузории ин ҳамоиш изҳори қаноатмандӣ намуданд.