ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон сипаҳбад Рамазон Раҳимзода дар нишасти расонаӣ эълом кард, ки нерӯҳои умури дохила дар шаш моҳи имсол аз 12 амалиёти теруристӣ дар кишвар пешгирӣ кардаанд.
Сипаҳбад Раҳимзода гуфт, дар ин шашмоҳа 228 шаҳрванд ба ҷурми узвият дар созмонҳои терурстӣ ва ифротгаро боздошт шуда, ки аз онҳо 104 кас бо "ДОИШ", 80 кас бо "Салафия", 17 кас бо "Ҷамоъати Ансоруллоҳ", 16 кас бо "Ҳаракати исломии Узбакистон", 6 кас бо "Гурӯҳи 24" ва 3 кас бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон робита доштаанд.
Вай ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ин муддат аз 12 амалиёти теруристӣ дар кишвар пешгирӣ шудааст.
"Аз омодасозони амалиёти ҳаросафканӣ миқдори зиёди бомбҳои дастисоз, телефонҳои ҳамроҳ ва силоҳ ситонда шудааст", — гуфт вай.
Вале вазир бо ишора ба идома доштани бозҷӯиҳо ҳеч мавриди дақиқи ҳамлаи теруристии барномарезӣ ва пешгиришударо намуна наовард.
Вазир ҳамчунин гузориш дод, ки аз оғози сол то кунун 13 шаҳрванди Тоҷикистон довталабона аз қаламрави "Давлати исломӣ" ба кишвар бар гашта, ки бино бар қонунгузории ҷорӣ аз пайгарди ҷиноӣ озод шудаанд.
Нерӯҳои интизомӣ дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ 17 гурӯҳи созмонёфтаи табаҳкорро шиносоӣ ва дастгир кардаанд. Куллан дар ин давра 12 638 маврид табаҳкорӣ сабт шудааст, ки 83 дарсадашон ошкор шудаанд.