ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ин қазияро Каромат Шарипов, раҳбари ҷунбиши иҷтимоъии "Муҳоҷирони кории тоҷик", дар Фейсбук мунташир кард, ки вокуниши густардаи корбаронро дар пай овард.
Чи шуда?
Каромат Шарипов дар сафҳааш навишта буд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон — Шабнам Шарипова ва Фирӯз Камолов аз Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи хешовандашон ба Русия омада буданд. Ин ду ҷавон ҳарчанд зану шавҳар буданд, вале ҳамсарияшон қонунан сабт нашуда будаву танҳо бо ақди шаръӣ издивоҷ карда будаанд.
Онҳо чанде пеш аз Маскав ба шаҳри Саянск дар вилояти Иркутск мераванд. Шабнам, ки обастан будааст, 16-уми июл барои пешгирӣ аз кӯдакафканӣ дар зоишгоҳ бистарӣ мешавад ва онҷо духтар ба дунё меорад. Навзодро Бибиситора ном мекунанд.
"Аммо 20-уми июл Шариповаро бо кӯдакаш аз зоишгоҳ рост ба Идораи Созмони федералии муҳоҷирати шаҳри Зима мебаранд ва дар он ҷо муттаҳам ба нақзи қонуни будубош дар қаламрави Русия карда протокол тартиб медиҳанд", — навиштааст Каромат Шарипов дар Фейсбук.
Вале ду рӯз пеш аз ин муддати сабти иқомати падару модари ҷавон ба поён расида буда ва Фирӯз Камолов ба боздоштгоҳи муҳоҷирон уфтода будааст.
"Идораи СФМ ва ниҳодҳои сарпарастии кӯдакон исрор доранд, ки модари навзодаро низ ба боздоштгоҳи вижа бояд бурд ва навзодро ҳам ба хонаи кӯдакон бояд супурд. Акнун қазия аз ин қарор аст: кӯдакро аз волидайн ситондаву аз шири модар маҳрум кардаву мехоҳанд ба хонаи кӯдакон бидиҳанд. Чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, касе масъулияти ҷону тандурустии кӯдакро бар уҳда намегирад. Падару модари кӯдак ҳам наметавонанд шахсан аз сафорати ҶТ дар Русия ёрӣ бихоҳанд, зеро ҳар ду дар боздоштгоҳ қарор доранд", — навиштааст вай.
Каромат Шарипов ёдоварӣ мекунад, ки он ду ҷавон тавонистаанд бо сафорат тамос бигиранд, вале онҷо гуфтандашон, ки бо ҷамоъати тоҷикони Иркутск тамос бигиранд, аммо онҳо кумакашонро аз ҳамкишварон дареғ доштаанд.
Иттилоъи расмӣ
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт ин қазияро пайгирӣ кунад, ки дар воқеъ чи шуда ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамакнун куҷо ҳастанд.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки худ ин қазияро пайгирӣ доранд, вале аз онҷое, ки шумораи телефони ёдшуда дар шабакаҳои иҷтимоъӣ хомӯш аст ва ё хато навишта шуда, онҳо натвонистаанд бо ҳамкишваронашон тамос бигиранд.
"Навиштаанд, ки гӯё онҳо ба сафорат занг задаанд. Аммо ҳама зангҳои вурудӣ ба сафорат сабт карда мешавад. Касе дар робита бо ин масъала ба мо занг назада ва ёрӣ нахостааст", — гуфтанд дар сафорат.
Ҳамсуҳбатамон ҳамчунин таъкид кард, ки сафорат ҳарчиз муроҷиъатҳои корафтодагонро ба созмонҳои муҳоҷирии маҳалли зисташон вогузор намекунад.
"Мо ба сарконсулгарии Тоҷикистон дар Навосибирск супориш додем, ки сиҳҳати ин қазияро пайгирӣ кунад. Сарконсулгарӣ бо Фирӯз Камолов тамос гирифтааст, ки ҳамакнун дар боздоштгоҳ қарор дорад. Аммо Шабнам акнун на дар боздоштгоҳ, балки дар хонаи падари Фирӯз аст. Кӯдакашро ҳам касе аз ӯ наситондааст ва ҳамроҳаш аст", — тавзеҳ дод масъули сафорат.
Кормандони Сафорат ҳамакнун санаду мадаракҳооро омода мекунанд то ин ду хонаводаро ба Тоҷикистон баргардонанд.
Ин иттилоъотро сухангӯи намояндагии Вазорати кору муҳоҷрирату шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов низ таъйид кард.
Вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки намояндагии Вазорати кору муҳоҷират ва сарконсулгари ҶТ дар вилояти Навосибирск низ ин қазияро пайгирӣ доранд.
Ба гуфти вай, ҳамакнун ин намояндагӣ машғул ба омодасозии асноду мадорик аст то падару модар ҳамроҳ бо навзодашон Тоҷикистон баргарданд.
Макри зан
Нуриддин Раҳимов, корманди Намояндагии Вазорати кору муҳоҷират дар Навосибирск дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ҷузхиёте аз ин қазияро ошкор кард. Вай гуфт, аз ин ки муддати сабти иқомати Фирӯз Камолов дар Русия ба поён расидааст, пулисро ҳамсари падараш Ҳасан Сангов, ки писару арӯсаш ба ҷустуҷӯяш Новосибирск рафта буданд, хабар додааст.
Ба гуфтаи Раҳимов, ин зан аз сари рашк ба пулис хабар додааст, ки дар хонааш ду шаҳрванди хориҷӣ ғайриқонунӣ иқомат мекунанд.
"Замоне, ки кормандони пулис ба хонаи падари Фирӯз меоянд, Шабнам дар зоишгоҳ будааст. Аз ин рӯ, танҳо Фирӯзро мегиранду ба боздоштгоҳ мебаранд", — гуфт вай.
Раҳимов тавзеҳ дод, ки ҳамсари Сангов гӯё нигарон буда, ки ҳамсараш пас аз бозпайвастан ба писараш ӯро танҳо гузошта бо писару арӯсаш Маскав хоҳад рафт. Аз ин рӯ, хостааст аз ин ингуна сурат гирифтани кор пешгирӣ кунад.
Sputnik Тоҷикистон то кунун натавонистааст бо Шабнам ё Фирӯз тамос гирифта қазияро аз худашон ҷӯё шавад.