"Бомжи" тоҷик пас аз 26 сол ба Тоҷикистон бар гашт

© Sputnik / Амир ИсаевМеждународный аэропорт Душанбе
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иззат ном марди тоҷик, ки тайи 26 сол дар Русия қарор дошту солҳои охир бе ҷойи муайяни истиқоматӣ дар кӯчаҳои Маскав зиндагӣ карда, аз партовгоҳҳо хӯрок мехӯрд, бо кӯмаки як шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан бар гашт

ДУШАНБЕ, 02 июл — Sputnik. Парвиз Иброҳимов — як ҷавони тоҷик бо саҳмгузории муҳоҷирони тоҷик дар Маскав як марди бе хонаву дари тоҷикро, ки тайи солҳои охир дар Маскав қарор дошт, ба Тоҷикистон фиристод.

Тавре Парвиз дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Иззат ном марди тоҷик тайи 26 соли охир дар Русия қарор доштаасту солҳои охир мисли "бомж" дар кӯчаву таҳхонаҳои биноҳои Маскав зиндагӣ доштааст.

Ба гуфтаи вай, Иззат боре ба духтари рус оиладор шуда, пас аз ҷудо шуданаш майхора гашта, ҳамин тавр бе ҷойи муайяни истиқоматӣ ва кор дар Русия рӯзи худро мегузаронидааст.

"Мо боре Иззатро дар яке аз кӯчаҳои шаҳр во хӯрдем. Пас аз фаҳмидани он ки вай тоҷик будааст, пурсидем, ки "оё ба Тоҷикистон рафтан мехоҳад ё не" ва ҳамин тавр иқдом гирифтем, ки Иззатро ба Ватан бар гардонем",- гуфт вай.

 

Тавре Парвиз гуфт, барои ба Тоҷикистон равон кардани Иззат ба вай муҳоҷирони тоҷик кӯмаки молӣ кардаанду бо дастгири Сафорати ҶТ дар Маскав ҳуҷҷатҳои Иззат омода гаштаанд.

Ҳамин тавр, Парвиз Иброҳимов бо ҳамроҳии дигар тоҷикон рӯзи 30 июн ин марди тоҷикро ба Душанбе равон карданд.

"Иззат ба Тоҷикистон расид. Аз хоҳаронаш хоҳиш кардем, ки вайро ба бемористон бистарӣ карда, табобат кунанд. Зеро тамоми аъзои бадани Иззат бемор аст",- гуфт Парвиз.

Парвиз Иброҳимов дар шабакаи You Tube бо номи "Фонд таджика" шабака дорад ва наворҳои гуногунро марбут ба ҳаёти муҳоҷирон дар Русия дар он ҷой медиҳад. Тавре ки вай қайд кард, "Фонд таджика" бунёди хайриявие набуда, балки шабакаест, ки чунин ном гузошта шудааст. Хайрияҳое, ки ҷониби Парвиз Иброҳимов анҷом дода мешаванд, иқдоми шахсии вай буда, бо ёрии муҳоҷирони дигар амалӣ мешаванд.

"Ҳоло мақсад дорем, ки чанд "бомжи дигарро" ба Тоҷикистон бар гардонем",- гуфт дар охир Парвиз Иброҳимов.

Лентаи хабарҳо
0