ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯши ноболиғ дастгир намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ зан санаи 13-уми январ писарчаи навзодашро бо як сокини шаҳри Душанбе фурухтааст.
Зани ҷавон тифлашро бо нархи 2 ҳазору 500 сомонӣ ба дасти зани дигар дод.
ВКД Тоҷикистон нисбати модари фарзандфурӯш парвандаи ҷиноӣ боз намаудааст.