ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Парвина Саидова дар мусоҳиба бо хабарнигори Spunik Тоҷикистон аз ҷашни арӯсияш гуфт ва аз розе, ки намехоҳад ҳамакнун ошкор шавад, андаке пардабардорӣ кард.
Вай гуфт, хонаводааш намедонист, ки ӯ шаҳвар мекунад, аммо дӯстонаш — Шоира Раҳимҷон ва Манижа Давлат, ки номзадашро мешиносад, интихобашро писандидаанд. Дар зер гуфтугӯ бо Парвинабонуро комил мунташир мекунем.
— Салом, Парвинабону!
— Алейкум салом!
— Аз хабаргузории Sputnik Тоҷикистон музоҳим мешавем. Мехоҳем нахуст ҷашни арӯсиятонро табрик гӯем.
— Ташаккур!
— Агар иҷоза бошад, мехостем ҷузъиёте дар бораи ҷашни арӯсиятон бипурсем.
— Бале, воқеъан ҷашни арӯсӣ дорам. Хонаводаамон ду ҷашн дорад, вале барои наздиконам арӯсии ман ҳануз "сюрприз" аст. Аммо ҳануз маълум нест, ки ҷашне баргузор мекунем ё не, зеро ҷашну маросим танзим мешаванд ва агар иҷоза диҳанд, бар по мекунем. Вале асосан мехоҳам, маъракае баргузор карда дӯстонамро хабар кунам то дар рӯзи хурсандиам бо ман бошанд.
— Пироҳани арӯсӣ интихоб кардаед?
— Ҳоло дақиқ накардаем, ки пироҳани арӯсӣ ба бар мекунам ё не. Худатон медонед, ки 5 фарзанд дорам.
— Оё иҷоза дорем, ки ному нишони "шаҳзодаи" интихобкардаатонро бипурсем?
— Мехоҳам ному насаби домод ҳоло махфӣ бимонад, лекин ҳамин қадр мегӯям, ки ҷавон асту 33 сол дорад ва маро дӯст медорад.
— Ӯ Шуморо дар подиум дидаву ошиқ шуда?
— Не, ростӣ гап, вай аз чанд сол пеш бо хонаводаамон дӯстӣ дорад ва ба гуфти худаш, маро хуш карда будааст. Лекин камтар дер кард. Ман чанд сол, пас аз хонадор шуданам, дар борааш хабаре надоштам. Ҳоло маро пайдо кардаасту ба хостгорӣ омад. Гуфт "бо панҷ фарзандат қабулат дорам ва мехоҳам бо ту хонавода бунёд кунам". Ман ҳам пешниҳодашро пазируфтам. Лекин на ман вайро барои ному мол ва на вай маро барои шуҳрат интихоб накардааст. Инро дақиқ медонам.
— Оё номзадатон ҳампешаатон аст?
— Не, ӯ варзишкор аст.
— Яъне Шумо аз миёни кору бор ва хонавода дувумиро интихоб кардаед?
— Бале, чуноне, ки мегӯянд, хонавода бартар аст.
— Наздиконатон чи назар доранд?
— Мо мехоҳем барои онҳо сюрприз шавад.
— Оё дӯстонатон интихобатонро писандидаанд?
— Манижа Давлат ва Шоираи Раҳимҷон аз интихобам шод шуданд, зеро домодро мешиносанд.
— Оё коратонро пас аз ин идома хоҳед дод?
— Намедонам, номзадам феълан мухолиф аст, ки ман корамро идома диҳам. Пас аз ҷашн кӯшиш мекунам, ки розияш кунам.
— Умедворем ва орзумандем хушбахту комёбу хонаобод бошед, Парвинабону!
— Бисёр сипосгузорам аз лутфатон! Мехостам розам ошкор нашавад, вале ситора будан мушкил будааст!