Парвина Саидова даъвати Пиер Карденро рад кард: зебосанам ҷашни арӯсӣ дорад

© Фото : Azu ProductionПари Саидова, архивное фото
Пари Саидова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модели ҷавон ва зебосанами тоҷик даъвати тарроҳи машҳури Фаронса Пиер Карденро рад кардааст, зебосанам тӯйи арӯсӣ дорад

ДУШАНБЕ, 8 июл — SputnikПарвина Саидова — модели ҷавон, модари серфарзанд, ғолиби озмуни Miss World Beauty  даъвати тарроҳи машуҳри Фаронса- Пиер Карденро рад кард. Зебосанам рӯзҳои наздик ҷашни арӯсӣ доштааст.

Рӯзи гузашта Пиер Карден зодрӯз дошт ва бояд Парвина Саидова дар ин рӯз ба Париж сафар мекард. Дар ин бора худи Парвина дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода буд.

"Ба ман тарроҳи фаронсавӣ барои иштирок дар намоиши мӯд  даъватнома дод, аммо ман рад кардам. Ман пештар дар ин гуна намоишҳо ширкат варзида будам. Пиер Карден моҳи июл зодрӯз дорад ва мо мехоҳем ҳамон вақт ба Париж сафар кунем",- гуфта буд вай.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо ҳамсараш Азизамоҳ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Даҳгонаи маъруфтарин бонувони Sputnik дар соли 2016: ҳамсари президент, Парвина Саидова, Нигина Амонқулова...

Аммо ҳоло дар саҳифаи фейсбукии Парвина Саидова  иттилоъ додашудааст, ки вай ба ҷашни 95-солагии тарроҳи машҳур нарафт ва ба наздикӣ ҷашни арӯсӣ дорад.

 Зебосанам дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфта буд, 5 фарзанд дорад ва пас аз даргузашти шавҳараш бо маслиҳати дӯсти наздикаш Шоира Раҳимҷон ба курсҳои маҳорати актиёрӣ рафт ва ҳамин тавр роҳи муваффақият ба рӯяш боз шуд.

Хуршед Сатторов аз Парвина даъват кард, ки дар озмуни  Miss World Beauty  ширкат варзад ва Парвина дар ин озмуни зебогӣ ғолиб омад ва номдортар гардид.

Ҳоло маълум нест, ки ин зебосанам пас аз барпо намудани оила ин роҳашро давом медиҳад ё не, аммо ба ҳар ҳол мо ба ин бонуи зебо бурдборӣ ва хушбахтӣ таманно дорем.

Лентаи хабарҳо
0