Зебосанами тоҷик ба озмуни зебоӣ "Miss Union" ба Боку меравад

© Инстаграм Карины ШариповойКарина Шарипова
Карина Шарипова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикдухтари 25 сола Карина Шарипова ба даври ниҳоии озмуни байналмиллалӣ роҳ ёфт. Барои ба даст овардаин ғолибият ӯ бояд чанд марҳилаи озмунро паси сар кунад: намоиши эъҷодии фарҳанги миллӣ, намоиши варзишӣ, санҷиши зенӣ ва муд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Миёнаҳои моҳи август дар Озарбойҷон барои бори аввал озмуни байналмиллалии зебоӣ миёни кишварҳои ИДМ ва назди Балтика "Miss Union Baku — 2016" баргузор мегардад.

"Miss Union —ин озмуни ба ҳам овардани зебосанамони кишварҳои мухталиф, ки фарҳангу урфу одатҳои худро бо тарзи замонавӣ нишон медиҳанд, мебошад.  Ҳадафи баргузории озмун мутаҳҳид намудани миллатҳое, ки бо забони русӣ ҳарф мезананд, таҳкими муносибатҳо ва имконияти намоиш додани зебоии давлатҳои ИДМ ва назди Балтика мебошад",-омадааст дар торномаи чорабинӣ.

Донишҷӯи тоҷик “дилработарин зан” дониста шуд. Дар озмуни зебоӣ

Моҳи июл дар Озарбойҷон бахши ниҳоии интихобӣ баргузор мегардад. Бино ба натиҷаи овоздиҳӣ Тоҷикистонро дар ин бахш Карина Шариповаи 25 сола муаррифӣ менамояд.

Дар даври финалии озмун дар баробари зебосанами тоҷик намояндагони Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Русия, Туркманистон, Узбакистон, Украина ва Эстония иштирок хоҳанд кард.

Тибқи нақшаи ташкилкунандагон ҳадафи асосии баргузории озмун кумак ба шахсони гирифтори касалии саратон буда, 30%-и мабалағи аз фурӯши чиптаҳо ба даст омада ба бунёди маҳаллӣ барои беморон дода мешавад.

Барои ғолиб омадан дар чунин озмуни байналмиллалии бонуфуз иштирокчиён бояд аз якчанд марҳилаи озмун гузаранд: намоиши эъҷодии фарҳанги миллӣ, намоиши варзишӣ, санҷиши зеҳнӣ ва нишон додани муд.

Даври ниҳоии озмуни байналмиллалӣ 20 августи соли равон баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0