Коршинос: Узбакистону Туркманистон ба тарҳи CASA-1000 нахоҳанд пайваст

© Фото : из личного архива Александра КнязеваАлександр Князев, архивное фото
Александр Князев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиноси умури сиёсӣ ва масоъили Осиёи Марказӣ Александр Князев бар ин бовар аст, ки Узбакистон ва Туркманистон ба тарҳи CASA-1000 нахоҳанд пайваст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Афғонистон дар дидори сарони кишварҳои роҳандози тарҳи CASA-1000 дар Душанбе умедвор шуда буд, ки Узбакистону Туркманистон ҳам ба тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон бипайванданд.   

Александр Князев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон пайвастани Туркманистону Узбакистон ба тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (ОМОҶ) ё CASA-1000-ро баъид донист.

"Дар асл интиқоли нерӯи барқ аз шимол ба ҷануб (Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Покистон — Ҳинд), ки тарҳи ОМОҶ-1000 дар назар дорад, бо манофеъи содиротии Туркманистон ва Узбакистон дар таззод аст", — тавзеҳ дод ин коршинос.

Суханронии Эмомалӣ раҳмон дар дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA - 1000 - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: тарҳи CASA - 1000 ба нафъи ҳама кишварҳои минтақа аст

Вай ёдоварӣ кард, ки Туркманистону Узбакистон ҳамакнун ба Афғонистон барқ содир мекунанд ва дар назар доранд интиқоли барқ ба ин кишварро афзоиш диҳанд. Аз ин рӯ, тавоноии тавлиди барқ дар неругоҳҳои гармоӣ ва гозии худро афзоиш медиҳанд, ки заминаи содироти барқи бештар ба Афғонистон ва Покистону Ҳиндро фароҳам месозад.

Узбакистон ва Туркманистон аз тавлидкунандагони умдаи нерӯи барқ ва усулан рақиби Тоҷикистону Қирғизистон дар бозори фурӯши барқ ҳастанд. Афзун бар ин, тарҳҳои ин ду кишвар арзонтар аз тарҳи ОМОҶ-1000 ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони лоиҳаи CASA - 1000: корро кунд накунед

Ин дар ҳоле аст, ки ба далели мушкилоти фаъолияти нерӯгоҳҳои барқобӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли сармо ва буҳрони шадиди камбуди барқ дар ин ду кишвар, Душанбе ва Бишкек танҳо дар шаш моҳ аз сол метавонанд, аз тариқи хатти CASA-1000 ба Афғонистону Покистон барқ мунтақил кунанд. Аммо имтиёзи Туркманистон ва Узбакистон ин аст, ки ин ду кишвар бо истифода аз нерӯгоҳҳои гармоии худ дар чаҳор фасл ба Афғонистон барқ содир мекунанд.

"Аз ин рӯ, масрафкунандаҳо дар Афғонистону Покистону Ҳинд бештар нерӯи барқро аз Узбакистону Туркманистон харидор ҳастанд, ки арзонтар аст. Бино бар ин гумон накунам, ки ин ду кишвар бихоҳанд ба тарҳи ОМОҶ-1000 бипайванданд", — тавзеҳ дод Князев.

Вай ҳамчунин афзуд, ки дар сурати роҳандозии нерӯгоҳи барқобии Роғун имкони содироти барқи бештар аз Тоҷикистон  ба Афғонистон ва Покистон дар оянда фароҳам хоҳад шуд, аммо иттисоли ду турбинаи нахусти ин неругоҳ ба шабакаи барқи саросарии Тоҷикистон дар солҳои оянда танҳо метавонад, барои ҳали мушкили буҳрони шадиди камбуди барқ дар ин кишвар дар фасли сармо мусоидат кунад. Аз сӯи дигар дар Қирғизистон ҳануз ҳеҷ коре барои такмили сохти нерӯгоҳи барқобии ниматамоми Қанбарото анҷом нашудааст, ки заминаи афзоиши тавлиди барқ дар ин кишварро муҳайё созад.

Бо иҷрои тарҳи CASA-1000 Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд, наздик ба 5 милёрд киловатт/соат барқро аз тариқи ин хати интиқоли энержӣ ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи иҷрои ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад, беш аз як милёрд дулор баровард шудааст. Саҳми Тоҷикистон дар ин тарҳ 314 милюн дулор, Қирғизистон 209 милюн, Афғонистон 354 милюн ва Покистон 209 милюн дулор аст.

Лентаи хабарҳо
0