Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони лоиҳаи CASA - 1000: корро кунд накунед

Обуна шудан
Имрӯз шарикони лоиҳаи "CASA 1000" дар ноҳияи Варзоб дидор карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, дар назди раҳбари давлати Афғонистон Ашраф Ғанӣ, сарвазири Покистон Навоз Шариф ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суханронӣ карда, хостори татбиқи саривақтии лоиҳа шуд.

Бано ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ҳар сол бо сабаби ба таъхир афтодани татбиқи лоиҳа кишварҳои аъзо, беш аз 500 миллион доллари ИМА зарар мебинанд.

ГРЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Якҷоя тақсим мекунем: Русия омода аст дар тарҳи CASA-1000 саҳм гирад

"Аз назари мо, раванди татбиқи Лоиҳа аз муҳлати пешбинишуда ақиб мемонад. Аз ин хотир зарур мешуморем, ки ба кундшавии раванди татбиқи лоиҳаи КАСА —1000 имкон надиҳем ва талошҳои муштаракро дар самтҳои ҷудогона тақвият бахшем",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳод кард, ки ҳамаи чорабиниҳо бояд тибқи нақша ва дар муҳлатҳои таъйиншуда амалӣ шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гузаронидани  тендерҳо (озмунҳо) ва анҷоми раванди муайян кардани  пудратчӣ (паймонкор) барои сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддат дар қаламрави Афғонистонро, ки 550 км тӯл мекашад, дахл карда, гуфт, ки то охири сол арзёбии дархостҳои тендерӣ оид ба сохтмони зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва дигар хатҳои интиқоли барқ ба анҷом хоҳад расид.

Ёдовар мешавем, ки хазинаи куллии бунёди қитъаи тоҷикистонии CASA-1000 бо шумули вомҳову кумакпулиҳо аз 351 миллион доллар иборат аст. Саҳми ҳукумати ҶТ дар ин тарҳ ҳамагӣ 15 миллион доллар арзёбӣ мегардад. Қарор аст, ин тарҳи энержии минтақаӣ соли 2020 ба анҷом расад.

Арзиши куллии тарҳ беш аз 1 миллиард доллар мебошад. Иҷрои тарҳ барои Тоҷикистон 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар ҳазина дорад.

Лентаи хабарҳо
0