Эмомалӣ Раҳмон: тарҳи CASA - 1000 ба нафъи ҳама кишварҳои минтақа аст

© Хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонСуханронии Эмомалӣ раҳмон дар дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA - 1000
Суханронии Эмомалӣ раҳмон дар дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA - 1000 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳо ва ҳукуматзҳои кишварҳои иштирокучии тарҳи CASA - 1000- ро дар бӯстонсарои "Пуғус" дар Варзоб пазируфт

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои  ҳукуматии кишвар  "Пуғус"  дар дараи Варзоб дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA — 1000 иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Дар маҳалли баргузории мулоқот меҳмононро худи Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Пас аз маросими аксбардорӣ  мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори лоиҳаи CASA — 1000 бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон бо иштироки намояндагони як қатор ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ баргузор шуд.

Дар вохӯрии сатҳи баланд ҳамчунин Раисҷумҳури  Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай   Жээнбеков иштирок доштанд.

"Раисҷумҳури Тоҷикистон меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон  хайрамақдам гуфта, омодагию ҳавсмандии Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар татбиқи саривақтии лоиҳаи  минтақавии CASA — 1000 таъкид намуд",- омадааст дар гузориши манбаъ. 

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки амали анҷомдода дар ин самт на танҳо ба манфиати давлати  мо балки ба манфиати кулли давлатҳои минтақа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони лоиҳаи CASA - 1000: корро кунд накунед

Таъкид гардид, ки  аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузурги минтақавии энергетикӣ, ҳамкориро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳим тақвият мебахшад.

Ҳамчунин, тарҳи CASA — 1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа ва пайвандсози  тавлидкунандагону истеъмолкунандагони неруи барқ дар арсаи ду минтақа арзёбӣ шуда, имкониятҳои Тоҷикистон дар интиқоли неруи барқ тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи дохилӣ дар тамоми сол муаррифӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи CASA — 1000-ро  воситаи муосири  амаликунонии  меъёрҳои нави тиҷоратӣ ва фанновариҳои муосир дар иқтисодиёти давлатҳо маъниндод карда, нақши муҳими шарикони рушдро дар таҳия ва татбиқи лоиҳа таъкид намуд.

Дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори тарҳи CASA — 1000 ҳамчунин Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ,  Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ранҷит Ламек суханронӣ карда, оид ба нақш ва мавқеи давлатҳои худ дар роҳи татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавии CASA — 1000 фикру мулоҳизаҳои судманд ва таклифу  пешниҳодҳои асоснок  баён намуданд.

Мулоқоти Муҳаммад Навоз бо Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориҳоро густариш медиҳанд

Дар интиҳои кори ҳамоиш Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокдори лоиҳаи CASA-1000 қабул гардид, ки нишона аз ҷамъбасти бобарори ин чорабинии сатҳи минтақавӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода  раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 асос гузошта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0