ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ин сел дирӯз шом 9-уми июл фурӯ рехта ва бино ба гуфтаи аҳолии ноҳияи Дарвоз, дар он сӯи рӯд рустоҳои Деҳхо ва Хвандро бо бисёре аз хонаҳову кишту боғҳояшон вайрон кардааст.
Дишаб сатҳи об дар пушти сарбанди селовард беш аз даҳ метр баланд шуда буд ва дар ин сӯи рӯд се хонаро дар рустои Ширговад гирифтааст.
Шоҳроҳи байналмилалии Дуашанбе — Кӯлоб — Қалъаи Хумб, ки ду рӯз пеш дар деҳаи Хостав баста шуда буд, дар Ширговад низ зери об мондааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Дарвоз аз аҳолии рустоҳои Ёгед, Шикев, Сангевн, Пунишор, Нулванд, Жак, Марғ ва ҳамчунин рустои селзадаи Хостав ва Зиғар, ки поинтар аз Ширговад ҷой доранд, хоста, ки шабро дар ҷойҳои амн ва баландтар аз рӯдбор рӯз кунанд.
Дишабро аҳолии ин рустоҳо бо нигаронӣ рӯз карданд. Имрӯз субҳ об кам — кам селовардро шуставу роҳашро боз кардааст, вале рӯду роҳ ҳамчунон баста ҳастанд.
Дирӯз, 9 июл раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз рустоҳои селзада дар ноҳияи Дарвоз боздид кард. Коргурӯҳе аз масъулини ҳукумати вилоят ва Кумитаи умури изтирорӣ ташкил шуда ва осебу зиён аз ин селро баррасӣ дорад.
Кумитаи умури изтирорӣ дар Дарвоз ситоди ёрирасонӣ ташкил карда ва ба аҳолии селзада кумакҳои аввалияро мерасонад.
Ширговад яке дигар аз рустоҳои ҷамоати Нулванд аст, ки 8 июл низ дар яке дигар аз рустоҳояш — Хостав низ дар паи фурӯ рехтани сел дар он сӯи Панҷ беш аз 20 хонаро об гирифта буд. Дар паи ин сел дар дар вулусволии Шикай дар Афғонистон чаҳор кас кушта ва ҳафт кас захмӣ шудаанд.