Сели Афғонистон ҷони чаҳор нафарро гирифта ҳафт касро маҷрӯҳ кард

© Фото : Аз саҳифаи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар АсламшоеваСел дар Бадахшон
Сел дар Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сел дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ҷони чаҳор касро гирифта, ҳафт тани дигарро захмӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сел дар он тарафи дарёи Панҷ дар вулусволии Шикайи ноҳияи Дарвози Афғонистон ҷони чаҳор касро гирифта, ҳафт нафари дигарро маҷрӯҳ кардааст.

Ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 8 июл ба вуқӯъ пайваста, дар паи он 22 хонаи истиқооматӣ дар ноҳияи Дарвоз зери об мондааст. Хушбахтона дар Бадахшони Тоҷикистон ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

Ҳамчунин сел 800 метри роҳи автомобилгард, ки як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кулоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма-Қароқурум мебошад вайрон карда, ҳаракати ҳамагуна нақлиётро дар ин самт бастааст.

Сел дар Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Ба сокинони Дарвоз хаймаҳо ва маводи озуқаворӣ доданд: хисорот номаълум

Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят гуфтааст, ки бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии оилаҳои зарардида маводҳои озуқавории мавриди ниёзи аввал  равона карда шуда, дар фурсати наздиктарин дастрас хоҳад гашт.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии ФОКУС барои оилаҳои зарардида хаймаҳо ва лавозимоти рузгор тақсим карда шудааст ва айни ҳол бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ барқароркунии қитъаи зарардидаи роҳ, идома дорад.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар паи омадани сел дар Дарвоз даҳ манзил хароб гардидааст.

Дар давоми як ҳафта дар Тоҷикистон даҳҳо манзили зист аз омадани сел хароб гаштанд. Сел дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич 25 манзилро хароб карда бошад, дар деҳаи Амондараи Панҷакент 70 хонаро валанор кард.

Лентаи хабарҳо
0