ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 8 июл бар асари якбора гарм шудани ҳарорати ҳаво дар ҳудуди Афғонистон, дар деҳаи хаммарз бо қишлоқи Хостави ноҳияи Дарвоз фаромадани сели калонҳаҷм ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷа сатҳи дарёи Панҷ баланд гардида, ба соҳили тарафи Тоҷикистон баромад.
Ба иттилоъи манбаъ то ин замон оби болои роҳ аз 80 см то 1 метр аст.
Гуфта мешавад, ки сокинони манзилҳояшон зери об монда, бо раиси вилоят суҳбат кардаанд ва дар манзилҳои хешовандонашон ҷой гирифтаанд.
Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят гуфтааст, ки бо дастури раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии оилаҳои зарардида маводҳои озуқавории мавриди ниёзи аввал равона карда шуда, дар фурсати наздиктарин дастрас хоҳад гашт.
Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии ФОКУС барои оилаҳои зарардида хаймаҳо ва лавозимоти рузгор тақсим карда шуд ва айни ҳол бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ барқароркунии қитъаи зарардидаи роҳ, идома дорад.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар паи омадани сел дар Дарвоз даҳ манзил хароб гардидааст.
Дар давоми як ҳафта дар Тоҷикистон даҳҳо манзили зист аз омадани сел хароб гаштанд. Сел дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич 25 манзилро хароб карда бошад, дар деҳаи Амондараи Панҷакент 70 хонаро валанор кард.