Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориҳоро густариш медиҳанд

© Фото : Хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Муҳаммад Навоз бо Эмомалӣ Раҳмон
Мулоқоти Муҳаммад Навоз бо Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Музокироти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазир Муҳаммад Навоз Шариф бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Покистон анҷом ёфтанд

ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе ҳузур дорад, имрӯз бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард.

Дафтари иттилоърасонии раисҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар поёни ин музокирот Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф Изҳороти муштараки сарони давлатҳо “Роҳ ба сӯи ҳамкории роҳбурдӣ барои ҳамбастагии минтақаӣ” миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро имзо карданд.

Ҳамчунин дар ҳузури сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳуми ҳамкории тиҷории миёни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати ҶИП ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи икшоварзии Ровалпиндӣ имзо шуд. 

Ин санадҳо бар 50 санаде афзуда шуданд, ки то кунун заминаи ҳуқуқиву қонунии равобиту ҳамкорӣ миёни ду кишварро фароҳам оварда буданд.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф барои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ нишасти расонаӣ баргузор карда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро арзёбӣ намуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0