Пешвози гарми Эмомалӣ Раҳмон аз Навоз Шариф

© Фото : Хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Муҳаммад Навоз бо Эмомалӣ Раҳмон
Мулоқоти Муҳаммад Навоз бо Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз сафари расмии нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон шуруъ гардид
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз сафари расмии нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон оғоз ёфт.
Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Навоз Шарифро "гарму самимӣ" пешвоз гирифтааст.
Эмомали Рахмон и Ашраф Гани- президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Бо даъвати Раҳмон: мулоқоти сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

"Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ягонҳои Горди ифтихорӣ ва гурӯҳи созҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Покистон иштирок доштанд",- омадааст дар хабар.

Дар расми истиқбол сурудҳои миллии ду кишвар иҷро шуда, раҳбарони Тоҷикистону Покистон аз назди ҳайъати Горди ифтихорӣ гузар намуданд ва нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба низомиёни сафороста салом доду эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.

Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр бо муъаррифии сарони давлатҳо бо ҳайъатҳои расмии ҳарду ҷониб анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0