Бо даъвати Раҳмон: мулоқоти сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон

© Фото : Пресс служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Ашраф Гани- президент Афганистана
Эмомали Рахмон и Ашраф Гани- президент Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо даъвати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе нишасти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бо даъвати кишвардор Эмомалӣ Раҳмон 6 июл дар шаҳри Душанбе нишасти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор мегардад.

Дар чорчӯби ин нишаст масоъили ҳамкориҳо миёни се кишвар дар умури сиёсат, иқтисод ва амният баррасӣ хоҳад шуд.

"Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ ба мавзуъҳои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ, татбиқи муштараки тарҳҳои энергетикӣ ва зерсохтори нақлиётӣ ва таҳкими равобит миёни доираҳои соҳибкорони се кишвар таваҷҷуҳ хоҳад шуд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи вазорат.

Ҳамчунин роҳҳои пуштибонӣ аз талошҳои ҳукумати Афғонистон барои таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар он кишвар, муборизаи муштарак бо чолишҳои амниятии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар ин нишаст баррасӣ ҳоҳанд шуд.

Дар поёни мулоқоти Душанбе изҳороти муштараки сарони се кишвар эълом хоҳад шуд, ки дурнамои ҳамкориҳои фарогир, роҳандозии созукорҳои нави ҳамкориҳо ва чораҳои тақвияти равандҳои минтақаиро таъйин мекунад.

Лентаи хабарҳо
0