ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКХ ҶТ, 30 июн дар ин ниҳод бо ширкати намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва васоити ахбори оммаи хориҷиву маҳаллӣ ҷаласае дар мавзӯи "Шарҳи вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016" баргузор гардидааст.
Дар ин ҷаласа Шерхон Салимзода, мудири Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар бораи вазъи маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ ва ҳамкориҳои милисаҳои тоҷик бо СММ маълумот додааст.
"Шерхон Салимзода шарҳи вазъи маводи мухаддир дар кишварро муаррифӣ намуда, оид ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо шарикони байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумот дод", — омадааст дар иттилоъия.
Дар ин нишаст роҳбари Дафтари минтақавии UNODC дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал ҳам, ширкат кардааст.
Бино ба иттилоъи манбаъ, ӯ дар бораи фаъолияти созмон ва татбиқи Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар соли 2016 гузориш додааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки намояндаи вазорати умури дохилаи Русия дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо вазири умури дохила ва мудири Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон дидор кардааст.