Роҳҳои паҳншавии маводи мухаддир дар ҷаҳон: гардиши ҳероин ба кӣ бештар фоида меорад?

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкНобуд кардани маводи мухаддир дар Тоҷикистон
Нобуд кардани маводи мухаддир дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷараёни воридшавии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия ва Иттиҳоди Аврупо, ҳатто пас аз рафтани нерӯҳои низомии ИМА аз кишвар камтар намешавад. Сабаби он дар осон будани транзити маводи мухаддир ба воситаи Осиёи Марказӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik, Рубен Гарсия.Дар бораи зиёд гардидани интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо вазири вазорати корҳои дохилии Русия Колоколтсев ҳангоми баромади хеш дар маросими тантанавии  хатми кормандони муассисаҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иброз дошт.

Ба фикри коршиносон зиёд гардидани гардиши маводи мухаддир ба вазъияти муташанниҷи  дохилии Ҷумҳурии Афғонистон иртибот надорад, зеро 15 сол аст, ки вазъияти кишвари афғон ба ҳамин минвол давом меёбад.

"Зиёд гардидани гардиши маводи мухаддир на танҳо аз назорати он дар музофотҳои Афғонистон вобаста мебошад, балки ба бозор ва талаботи кишварҳои истеъмолкунанда- Русия ва Иттиҳоди Аврупо иртибот дорад",- мегӯяд коршинос оид ба Шарқи Миёна ва Осиёи Марказӣ Сергей Князев.

Маводи нашъадор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Химки шаҳрванди ҶТ бо ҷурми фурӯши маводи мухаддир дастгир шуд

Талаботи маводи нашъаовар аз транзити маводи мухаддир дар дохили Осиёи Марказӣ сахт вобаста мебошад, ки барои тоҷирони ин маводи ғайриқонунӣ савдоро осонтар мекунад. Чуноне ки ба Sputnik Тоҷикистон корманди илмии АИР, коршиноси соҳаи ҳарбӣ Игор Хохлов нақл намуд, сабаби зиёд гардидани гардиши маводи мухаддир ин суст шудани нерӯҳои амниятии баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, ки ба наздикӣ Хадамоти давлатти назорати маводи нашъаоварро бекор кард, мебошад.

"Қирғизистон- кишвари транзитӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо маводи ғайриқонунӣ дар намудҳои махсусан калон интиқол меёбанд.  Далели он, ки  хадамоти назорати маводи мухаддирро дар кишвар ҳарчанд фасодзада ва номуассир бошад ҳам,  аз байн бурданд, маънои онро дорад, ки дар ин ҷумҳурӣ мубориза бо маводи мухаддир ба анҷом расонидааст.  Аз ҳамин сабаб интиқоли маводи нашъаовар ба воситаи ОМ осонтар мешавад",- мегӯяд Хохлов.

Ба гуфтаи вай арзон будани транзит дар мувофиқашавии фаъолияти самарабахши сохторҳои зидди маводи мухаддири Русия ва ба андозаи кам аз кишвари Эрон  вазъияти нофаҳморо ба вуҷуд меорад.

Мақомотҳои амниятӣ қочоқчиёни маводи мухаддирро ба дуриҳо ронда, ба онҳо имконият медиҳанд, ки нархи чаканаи ҳероинро баланд кунанд ва хариду фурӯши мавод то рафт хатарноктар мешавад.

Дар натиҷа нархи гарони маводи мухаддир дар кишварҳои истеъмолкунанда  дар ҳоле, ки дар Афғонистон нархи он чанд маротиба пасттар мебошад, ба тарнзитчиён фоидаи калон меорад.

"1 килограмм ҳероин дар Афғонистон 650 доллар меистад. Ҳангоми аз дарёи Панҷ интиқол ёфтан нархи он 800 долар мешавад, дар Душанбе бошад —1000 доллар. Дар Маскав бо назардошти он, ки аз ҷониби қочоқчиён ба воситаи интернет ба фурӯш бароварда мешавад, нархи 1 кг ҳероин 70-80 ҳазор доларро ташкил мекунад. Ҳангоми расодани маводи мухаддир ба Аврупо, ки таркиби мавод ҳамагӣ 2% нашаъовар мебошад, нархи килограми он 500 ҳзр. долларро ташкил мекунад",- мегӯяд Хохлов.

Вақтҳои охир дар Русия қочоқчиён аз кишварҳои Осиёи Миёна дастгир гардиданд, ки бо маводи мухаддир тиҷорат мекарданд.

Ба гуфтаи Александр Князев ҳероин ба Русия ва Иттиҳоди Аврупо бо ду роҳ дохил мешавад. Аввал аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол меёбад ва пас аз он ба воситаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба Қазоқистон ва ба ҳамин минвол ба Русия интиқол меёбад.

Роҳи дуввум аз Афғонистон ба воситаи сарҳади Туркманистон ва баъд аз он қисми ками он ба воситаи ҳудуди Қазоқистон ва қисми зиёди он ба воситаи Озарбойҷон —Туркия- Гурҷистон ва баъд аз он ба Украина ва ҳамин тавр ба Аврупо меравад.

Маросими нобудсозии маводи мухаддир дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон 300 кг маводи мухаддир нобуд карда шуд

Ӯзбакистон ҳам дар тарнзити маводи мухаддир иштирок мекунад, аммо басвосита не- як қисми ҳудудии он, масалан сарҳади шаҳри Ош ҳамчун нуқтаи транзитии маводи мухаддир истифода бурда мешавад. Як роҳи осон ва пурхатари дигари интиқоли маводи мухаддир вуҷуд дорад, ки он ба воситаи роҳи оҳани Душанбе- Маскав мебошад.

Пас аз баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли маводи мухаддир то рафт зиёд мешавад. Мувофиқи маълумоти СММ 26 соли охир дар кишвари Афғонистон зиёда аз 96 ҳзр. тонна ҳероин истеҳсол карда шудааст.

Ҳаракати "Толибон", ки аз солҳои 1996 то соли 2001-ум дар Афғонистон ҳукумат мекард, аввал ба истеҳсоли маводи мухаддир машғул буд.  Аммо дар солҳои охири роҳбарӣ ба умеди эътирофи байналмиллалӣ, ба решакан кардани маводи мухаддир шурӯъ намуд. Мувофиқи маълумоти СММ  соли 2001-ум дар Афғонистон ҳамагӣ 185 тонна афюн истеҳсол гардидааст.

Пас аз амалиёти зиддитеррористии ИМА ва ҳамтоёни  вай дар Афғонистон, истеҳсоли афюён якбора шиддат ёфт. Қочоқчиёни зиёде, ки пеш аз ин аз ҷониби "Толибон" идора карда мешуданд, бо саҳлангароии амрикоиҳо ва иктишофи Покистон ба ивази муқовимат нишон надодан ба сиёсати амрикоӣ дар минтақаъ, ба парвариши афюн дубора оғоз намуданд. Ҳоло  аз тамоми истеҳсолоти афюн 85% —и он ба кишвари Афғонистон рост меояд.

Лентаи хабарҳо
0