ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ ронандае дар ноҳияи Рӯдакӣ писарбачаи нобилиғи 3 —соларо пахш карда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Ин садама дар деҳаи Табибони ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа писарбача ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомибили тамғаи "Портер", ки боиси марги ин кӯдак шудааст аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ӯро ҷустуҷӯ доранд.
Худи ҳамон рӯз ронандаи худрави тамғаи "Опел-Астра", сокини 33 —солаи ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 6-солаи сокини деҳаи Сафобахшро пахш намудааст.
Ин писарбача низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад, менависад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазорати корҳои дохилаи ҶТ аз 31 май то 10 июни соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти "Бачаҳо" эълом карда буд.
Ҳадаф аз гузаронидани ин амалиёт ҳифзи кӯдакон аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани маданияти ҳаракат дар роҳ мебошад.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз пиёдагардон, падару модарон, омӯзгорон ва ронандагон хоҳиш мекунад, ки ба кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
Онҳоро дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоранд ва ба онҳо талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзанд.