Ҳалокати сокини ноҳияи Восеъ дар пайи садамаи нақлиётӣ

© Sputnik / Александр Нестеров / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ марди 44 солаи сокини ноҳияи Восеъ ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ду рӯз қабл дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ш.Шарифии ноҳияи Данғара автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" ба автомашинаи тамғаи  "Дэу-Лассети" бархӯрда боиси марги як нафар гаштааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВКД ҶТ.

"Дар пайи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ як нафар мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", марди 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид",-омадааст дар иттилоия.

Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи нақлиётӣ дар Айнӣ мунҷар ба марги 5 нафар гардид

Бино ба иттилои манбаъ  ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми  ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифии ноҳияи Данғара, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи "Дэу-Лассети" таҳти идораи марди 33-солаи сокини ш.Душанбе бархӯрдааст.

Дар баробари ин хабар дода мешавад, ки бар асари садамаи нақлиётӣ ронандани автомашинаи тамғаи "Дэу-Лассети" ва мусофири автомашинаи мазкур марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Лентаи хабарҳо
0