ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба эълони вазорати корҳои дохилаи ҶТ аз 31 май то 10 июни соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти "Бачаҳо" гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз гузаронидани ин амалиёт ҳифзи кӯдакон аз садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани маданияти ҳаракат дар роҳ мебошад.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз пиёдагардон, падару модарон, омӯзгорон ва ронандагон хоҳиш мекунад, ки ба кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
Онҳоро дар кӯчаву роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоранд ва ба онҳо талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзанд.