ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи Рамазон нархи маҳсулот арзон гардид.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон сардори Шӯъбаи хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Бадахшон Насриддин Сабзалиев хабар дод, ҳоло вазъи нархи наво дар бозорҳои шаҳру навоҳии ВМКБ мӯътадил буда, ҳатто каме поён рафтааст.
Ба гуфтаи вай, арзиши маҳсулоти ниёзи аввал дар ин моҳ дар бозорҳо тағйир наёфтааст ва баръакас каме поён шудааст.
"Соҳибкорон бо иқдоми худ нархи маҳсулотро дар моҳи шариф каме арзонтар карданд",- афзуд манбаъ.
Тавре ӯ қайд кард, пештар нархи картошка каме гарон шудааст, ки он ҳам аз ҷониби раёсати бозорҳо ба танзим дароварда шудаст.
Ба гуфтаи Насриддин Сабзалиев, маҳсулоти кишоварзӣ ба Бадахшон аз вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ворид мешавад. Барои ҳамин аз шаҳри Душанбе дида, нархи наво каме қимматтар аст.
Аммо арзиши гӯшт назар ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар Бадахшон арзонтар — килуи он 28-29 сомонӣ будааст.
"Мизоҷон агар гӯштро бисёртар харидорӣ кунанд, метавон килуи онро 25-26 сомонӣ харида гирифт",- илова намуд вай.
Аммо дар ду наҳияе, ки дар ВКМБ дурдаст ба ҳисоб меравад — Ишкошим ва Мурғоб вазъи нархи наво гаронтар аст.
Ҳоло килуи нархи маҳсулот дар ду бозори маркази вилоят шаҳри Хоруғ- Бозори шаҳри Хоруғ ва "20-солагии истиқололият" чунин аст:
Шакар 7.5 сомонӣ
Шир 5 сомонӣ
Биринҷ 9 сомонӣ
Макарон 6 сомонӣ
Макарони воридотӣ 10 сомонӣ
Гӯшт: гӯшти гов 29сомонӣ, гӯшти гусфанд 30 сомонӣ
Помидор 7 сомонӣ
Бодиринг 4 сомонӣ
Картошка 5 сомонӣ
Пиёз 3 сомонӣ
Карам 2,5 сомонӣ
Сабзӣ 4 сомонӣ
Линчаи орд навъи якум — 170 сомонӣ, навъи дуввум-155 сомонӣ, як литр равғани пахта 11 сомонӣ, равғани растанӣ 12 сомонӣ ва 1 дона тухм 90 дирам аст.
Тавре сардори шуъба гуфт, нархи маҳсулот дар бозорҳои навоҳиҳои гирду атрофи шаҳри Хоруғ низ якхела буда, агар фарқ кунад ҳам 10 дирам қиматтар будааст.