ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бозори "Шоҳмансур" яке аз калонтарин бозорҳои шаҳри Душанбе аст.
Пештар хабар дода шуд, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт гарон шуданд. Тавре фурӯшандагон ва харидорон қайд мекунанд, дар бозори Шоҳмансури пойтахт нархҳо доим боло мераванд.
Саид ном фурӯшандаи себ мегӯяд, то он даме, ки маҳсулот ба дасти харидор мерсад он чанд маротиба аз "хариду фурӯш" мегузарад ва ҳар нафар нархи иловагии худашро мегузорад.
"Себ ҳангоми тирамоҳ ва баҳор аз 13 сомонӣ болотар меистад. Тобистон нархи он камтар поён мешавад ва сипас боз гарон мегардад. Ман бештар себи ванҷӣ мефурӯшам. Себи Ванҷ серхаридор аст. Даллолҳо ба ноҳияи мазкур рафта, аз сокинон килуи себро 5-сомнӣ харида мегиранд. Ба мо бошад 10 сомонӣ мефурӯшанд. Мо нархи худамонро мегузорем. Ҳар кас кӯшиш мекунад, ки фоида ба даст орад",- гуфт Саид.
Ба фикри фурӯшанда, хуб мешуд, агар худи деҳқонон маҳсулоташонро дар бозор фурӯшанд. Аммо онҳо маҷбуранд, ки ба ҳаннот маҳсултро қариб муфт диҳанд. Ба гуфтаи фурӯшанда бозор аз ҷониби чанд касе инҳисор шудааст. Агар деҳқон худаш ба бозор омада, савдо кунад, ба даллолон фоидае намерасад. Ҳаннот таҳо як картошкаро аз харидааш се чор маротиба гаронтар мефурӯшад.
"Агар деҳқон себзаминиро бо нархи 1 сомонӣ фурӯхт, дар бозор он бо арзиши 4-5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин ҷо аллакай ҷойи фурӯш барои як сол фурӯхта шудааст. Деҳқон аз даллол дида 5 мротиба камтар фоида мебинад. Даллолон бошанд, бе ягон мушкилӣ дар як ҳафта аз он ҳам зиёдтар фоида мегиранд",- мегӯяд вай.
Маҳбуба занест, ки доим ба бозор барои харид меояд.
"Ман ба бозор бисёр меоям ва нархҳоро диққат медиҳам. Нарх дар бозор на танҳо дар моҳи Рамазон боло меравад. Худатон фикр кунед, нархи картошка моҳи апрели соли 2016 1 сомониву 85 дирамро ташкил мекард, моҳи декабр бошад, 2 сомониву 10 дирам шуд. Моҳи апрели соли 2017 нархи картошка ба 3 сомониву 90 дирам баробар шуд. Ҳоло бошад, себзаминӣ дар бозорҳои пойтахт вобаста ба сифаташ аз 4 сомонӣ боло меистад. Фарзандони ман лимончойро дӯст медоранд. Ҳоло дар бозор нархи лимон аз 13 сомонӣ болотар меистад. Зардолу аз 7 то 10 сомонӣ, гелос аз 17 то 20 сомонӣ нарх дорад. Сабзӣ ҳам гарон шудааст. Агар он моҳи апрели соли 2016 1 сомониву 15 дирам буд, ҳоло аз 2.80 болотар аст",- мегӯяд Маҳбуба.
Нархи қаланфури булғорӣ бошад, гӯё аз Булғористон оварда бошанд, дар осомон аст. Як килуи он 14 сомонӣ болотар аст, илова мекунад зан.
Ба гуфтаи Маҳбуба, дугонааш барои харид дигар ба бозорҳои Душанбе намерафтааст. Вай бо шавҳараш ба ноҳияи Турсунзода рафта аз он ҷо меваву сабзавот мехаридаанд.
"Бодрингро метавон аз деҳқон бо нархи 30 дирам харидорӣ кард. Картошкаро 50 дирам. Ман акнун танҳо барои харидани кабудӣ ба бозор меоям",- мегӯяд бо табассум зан.
Як нафар сокини дигари шаҳр Насим дер боз дар қатори фурӯши гӯшт давр мезанад, аммо наметавонад гӯшт харад. Ин маҳсулот дар бозор ба болои он ки пастсифат аст, камёфт шудааст.
"Фурушандагон бо гӯшт чӣ кор мекарда бошанд? Ин гуштҳо тамоман мазза надоранд. Ба болои ин маҳсулоти тозаро на аз бозор на аз мағоза дарёфт кард. Фурӯшандагон интизоранд, ки боз кай метавон нархҳоро боло бардошт. Нархи гӯшт на танҳо дар моҳи Рамазон боло меравад. Моҳи апрели соли газашта нархи он 30 сомониро ташкил медод, апрели ҳамин сол 34 сомонӣ шуд ва ҳоло 36 сомонӣ аст",- шикоят мекунад Насим.
Одамони тангдаст ба бозор намеоянд, мегӯяд Ҳабиба ном фурӯшандаи кабудӣ. Ба гуфтаи вай онҳо тавони аз бозор харид карданро надоранд- барои ҳамин ҳам соати 5 саҳар ба Гипразем — бозори "Деҳқон" ва ё ба Автовакзал —бозори "Аҷина" мераванд.
"Намедонам, ки онҳо ба кадом восита соати 5 саҳар дар он ҷо ҳозир мешаванд. Онҳо охир мошин наранд. Медонам, ки бечораҳо аз он ҷо танҳо сабзавот мехаранд. Ба фикри ман барои харидории мева маблағ надоранд. Барои камбағалон ҳама маҳсулот қиммат аст, аммо барои дороён бошад аз гарон шудани нарх фарқе нест. Барои онҳо муҳим нест, ки картошка 4 сомонӣ аст ё 5",- мегӯяд вай.
Комиларо боло рафтани нархҳо ба ҳайрат овардааст. Ин зани ҷавон фурӯшандагонро зери танқид қарор медиҳад.
"Ин бетартибиро бинед. Ҳастанд фурӯшандагоне, ки дар як рӯз панҷ маротиба намоз механанд, аммо онҳо виҷдон надоранд. Ба Худо бовар доранду одамонро фиреб медиҳанд. Онҳо чӣ гуна метавонанд, ки дар ин моҳи муборак, ки бояд аз гуноҳҳо пок шуду ба наздикон кӯмак расонанд, ин хел рафтор мекунанд?",- савол мегузорад вай.