ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ раисони бозорҳои "Деҳқон" ва "Шоҳмансур"-ро иваз кард.
Фармони дахлдор аз ҷониби раси шаҳр санаи 31-уми май ба имзо расидааст.
Тавре манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод, Рустам Эмомалӣ санаи 31-уми май дар маҷлисе бар он ишора кардааст, ки дар бораи гароншавии нархҳо ва авзои бозорҳо дар моҳи шарифи Рамазон дар расонаҳо мушаххасан гуфта шудааст.
Ҳамин тавр, Нурулло Алиев раиси бозори "Деҳқон" ва Сунатулло Назаров раиси бозори "Шаҳмансур" таъин карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қарори шаҳрдори пойтахт нархи наво дар моҳи Рамазон дар бозорҳо бояд ба танзим дароварда мешуд.
Тибқи қарори раиси шаҳр матсаддиёни бозорҳои пойтахт — "Бозори Деҳқон", "Бозори Шоҳмансур" "Бозори Саховат" ва дигар идораҳои дахлдор вазифадор шуда буданд, ки тули ин моҳи шариф барои саҳоибкорону тоҷирон, Агентии захираҳои моддӣ, Иттифоқи "Тоҷикматлубот" шароит фароҳам оранд ва онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намоянд.