ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, машварати корӣ бо ширкати нахуствазир, раҳбари дастгоҳи раисҷумҳур, шаҳрдори Душанбе ва роҳбарони дигар вазоратҳо баргузор шуд.
Бо қарорҳои ҳукумат мудири кулли фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа ва муовини мудири Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон таъйин шуданд.
"Дар мақомоти додситонӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовар як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуд", — омадааст дар иттилоъия.
Эмомалӣ Раҳмон додситонҳои шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Варзоб ва шаҳрҳои Сарбанду Истаравшанро таъйин кард.
Ҳамчунин муовини додситонии шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кадрҳо ва сардори Шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории молиётии Додситонии кулл ва Додситонии нақлиёти вилояти Суғд иваз шуданд.
Қаблан раисҷумҳур шаҳрдори Қӯрғонтеппаро иваз карда буд.