Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон

© Фото : Аз хадамоти раисҷумҳурМаҷлиси ҳукуматӣ. 26.05.2017
Маҷлиси ҳукуматӣ. 26.05.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз раисони ҷадиди шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Носири Хусраву Шаҳритусро таъин кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Рамазон Оймаҳмадзода аз вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрав барканор ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин шудааст.

Тибқи қарори раиси ҳукумат Нуриддин Садриддинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон таъин гардид.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон Амирулло Асадуллоро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа барканор карда, ба ҷои ӯ Абдуалим Исмоилзода, собиқ раиси ноҳияи Шаҳритусро таъин намуд.

Лентаи хабарҳо
0