ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Нависандаи амрикоӣ Марина Эйбрамс якчанд маҷмӯаи достонҳояшро дар бораи саргузашти писарбаччаи тоҷик Барзу мехоҳад мунташир кунад.
Китоб "Барзу ва ҷаҳони вай" ном дорад ва барои кӯдакони аз 3-сола то 12-сола навишта шудааст. Дар маҷмааи афсонаҳо аксҳои зебо ва рангоранги рассоми тоҷик Фаррух Неъматзода ҷой дода шудаанд.
"Дар замони қадим дар чорроҳае Шаҳре бо Гунбази Кабуд ва кӯчаҳои печ дар печ мавҷуд буд. Шаҳр бо бозорҳяш машҳури ҷаҳон гашта буд. Оҳ, аз бозор метавонистӣ ҳама чизро дарёфт кунӣ: меваҳои ширин, сабзавотҳои тару тоза, кӯзаҳои гилин, ҷавоҳироти қимматбаҳо, либосҳои ҳарир, қолинҳрои дастбоф, мӯза ва китобҳои нодир ва ҳар он чизе ки дилат мехоҳад!",- оғоз мешавад афсона бо ҳамин сатрҳо.
Ба гуфтаи нависанда рӯзе шавҳараш аз Тоҷикистон ду пиёлае бо нақшу нигорҳои рассом Фаррох Неъматзода мебарад. Бо дидани нақши зебо Маритна бо эҷоди афсонаҳо сар мекунад.
Дар китоб қиссаҳо дар бораи ҳаёти Барзу, дар бораи кори устоҳо ва бозиҳо барои волидону кӯдакон пешниҳод мешавад.
Ҳоло нависанда барои мунташир кардани китобҳояш маблағ ҷамъоварӣ мекунад.