Туркия ба нерӯгоҳи Норак трансформатори 214 тонна овард

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкНурекская ГЭС, архивное фото
Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин нахустин трансформарори азимҷуссаест, ки дар хориҷи кишвар сохта шудааст. Пеш ивази трансформаторҳо аз ҳисоби захираи дохилӣ амалӣ мешуд

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии "Барқи тоҷик" бузургтарин тарнсформатор аз Туркия ба Тоҷикистон оварда шуд.

"Рӯзи 28 май соати 11-30 трансформатори 450 мегаволт/ампер, ки вазни умумиаш 214 тонна аст, ба нерӯгоҳи Норак расид", — омадааст дар хабарнома.

Васли ин таҷҳизоти муҳими энергетикӣ имкон медиҳад, ки агрегати 8-уми нерӯгоҳ, пурра таҷдид гардад ва аҳолии Тоҷикистон бо барқи хушсифат таъмин шавад.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқобии Норак ва Қайроққумро бозсозӣ мекунад

Гуфта мешавад, ки таҷҳизот ҳафтаҳои оянда насб хоҳад шуд.

Трансформатор дар доираи лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмон ва Фаронса дар шаҳри Габзии Туркия сохта шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки мутахассисони "Барқи Тоҷик" ва нерӯгоҳи Норак чанд маротиба ба корхонаи Туркия сафар намуда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкати пудратчӣ — "Алстом" трансформаторро аз озмоиш гузарониданд.

Озмоиши асосии он моҳи сентябри соли 2015 гузаронида шуда, раванди таҳвили он аз Туркия ба Тоҷикистон аз ҳамон давра оғоз ёфт.

Дар таърихи нерӯгоҳи Норак, ки агрегати якуми он соли 1972 ва агрегати охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст, таҳвил ва васли трансформатори 450 мегаволт/ампер рӯйдоди нахустин ба шумор меравад.

Пештар дар нерӯгоҳ ивази трансформаторҳо аз ҳисоби захираи дохилӣ амалӣ мегашт.

Лентаи хабарҳо
0