ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон бар хилофи дастури шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе гарон шуд.
Чунин вазъ на танҳо дар фурӯшгоҳҳои пойтахт, балки дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон низ мушоҳида мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз гарон шудани нархи маҳсулот дар бозорҳо, фурӯшандаҳо ва кишоварзон аз пардохти молиёти рӯзона озод карда мешаванд.
Шаҳрдори Душанбе барои ғанӣ гардондани бозорҳои пойтахт аз маҳсулот ва пешгирӣ аз гарон шудани нархҳо қарор баровард. Дар ин росто раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар маҷлиси ҳукуматӣ, ки 26 май дар Кохи миллат баргузор шуд, раисҳои ноҳияҳоро муваззаф кард, ки аз гарон шудани нархҳо дар моҳи Рамазон пешгирӣ кунанд.
Шаҳрдории Душанбе дар назди бозорҳои "Меҳргон", "Қарияи боло" ва майдони назди Кумитаи сохтмону меъморӣ бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил кардааст. Чуноне ки сокинони шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, нархи як килуграм себзаминӣ дар бозори Шоҳмансур аз 4 то 5 сомонӣ гарон шуда ва фурӯшандаҳо нархи помидорро низ гарон кардаанд. Агар қаблан як килуграм помидор 4 сомонӣ нарх дошт, акнун онро ба 6 сомонӣ мефурӯшанд. Бодиринг дар ин бозор килуе 3 сомонӣ ва қаламфур килуе 16 сомонӣ арзиш дорад.
Нархи меваҳои маҳаллӣ ҳам дар фалак аст: зардолу — 6 сомонӣ, олуча аз 8 то 12 сомонӣ қиммат дорад.
Чунин вазъ дар бозорҳои марказии шаҳри Хоруғ ва Рӯшон низ дида мешавад.
Чуноне ки яке аз сокинони шаҳри Хоруғ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, картошка, ки қаблан арзонтар буд, акнун 7 сомонӣ қиммат дорад. Дигар маҳсулот низ ҳамчунин гарон шудаанд.
Дар ноҳияи Рӯшон ҳар килуграм себзаминиро ба 7 сомонӣ ва ҳар килу помидорро ба 23 сомонӣ мефурӯшанд.
"Дар бозор картошка нест. Нархаш 7 сомонӣ буд. Вале ҳамонро ҳам ёфта наметавонем. Чанд рӯз пеш аз ноҳияҳои ҷанубӣ маҳсулот оварданд. Себзаминиро ба 4,5 сомонӣ харидему помидор 8 сомонӣ нарх дошт", — гуфт сокини ноҳияи Рӯшон Сабоҳат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Моҳи феврал раисҷумҳур Раҳмон аз аз амалкарди мудирони бозорҳо шадидан интиқод кард ва онҳоро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо гаронфурӯшҳо карда буд.