ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik, Сергей Кузнетсов. Дар ин яке ду рӯз нархи картошка ё себзаминӣ дар бозорҳои пойтахт ду баробар гарон шуд. Акнун барои харидани 1 килуграм себзаминӣ сокинони Душанбе бояд 4 сомонӣ (0,50 дулори амрикоӣ) пардохт кунанд.
Чанд рӯз пеш нархи "нони дуюм" дар пойтахти Тоҷикистон 2,8 сомонӣ буд.
Фурӯшандагон далели гарон шудани нархи себзаминӣ ё качолу ва дигар маводи хӯрокиро баста шудани роҳи Душанбе — Чаноқ медонанд, ки пойтахтро бо вилояи Суғд мепайвандад.
Дигар интихобе нест
Фурӯшандае дар бозори Шоҳмансур ки кӯшиш дорад себзаминии пажмурдаву сабзидаашро ба харидор бифурӯшад, мегӯяд: "Акнун дар ҳама бозорҳо ҳамин гуна картошкаро мефурӯшанд, дигараш нест. Гарчи сармозадаву пажмурда аст, вале арзон аст".
Ин себзаминии сармозадаву пажмурда килуе 2,80 сомонӣ нарх дорад, дар ҳоле, ки чанд рӯз пеш беҳтар аз инро ба ҳамин нарх мефурӯхтанд.
"Хуб, бошад, ман чанд дирам бештар ҳам медиҳам, вале шумо ҳам беҳтар аз инро бидиҳед. Вагарна пас аз пӯст кардан аз инҳо чизе намемонад", — мегӯяд норозиёна харидор. Вале фурӯшанда чоназанӣ намекунад ва харидорро дуртарак мефиристад.
Ростӣ, ҳамон дуртарҳо — берун аз бозор — дастфурӯшон себзаминии беҳтаре мефурӯшанд ки ба гуфти худашон "бо сад ранҷу ҳазина" аз Кӯҳистони Масчо овардаанд.
Яке аз ин дастфурӯшҳо дар тавҷеҳи гаронии себзаминияш, ки килуе 4 сомонӣ мефурӯхт, гуфт: "Шумо бояд бидонед, ки чанде пеш дар паи фурӯд омадани тарма дар онҷо 30 худрави боркаш банд монда буд. То роҳро аз барф рӯфатанду боркашҳо ба назди мо расиданд, ки хеле вақт гузашт. Бегумон ин омилҳо бар нархи тамомшудаи картошкае, ки шумо мехаред, таъсир мерасонад".
Вале ӯ имрӯз шояд ягона дастфурӯше дар ин бозор аст, ки аз себзаминии масчоӣ мефурӯшад. Дигар фурӯшандаҳо ҳамонро ҳам бо ин нарх надоранд.
Ҷира — 5 килуграм дар рӯз
Дар ин яке ду рӯз дар бозори Шоҳмансур фурӯши себзаминиро "ҷирабандӣ" кардаанд, яъне ҳар харидоре бояд на бештар аз 5 килуграм себзаминӣ дар рӯз харид кунад. Кормандони бозор ин "ҷирабандӣ"-ро шадидан пайгирӣ мекунанд то судҷӯён себзаминиро ин ҷо арзон харида дар дигар ҷоҳо гарон нафурӯшанд.
Судҷӯӣ аз ин вазъ бисёр дида мешавад. Чунончи, дирӯз мардеро дастгир карданд ки мехост як халта себзаминиеро, ки аз Ҷиргатол оварда шудаву хурду пажмурда аст, килуе 2,80 сомонӣ харида дигар ҷо гаронтар бифурӯшад. Ҳамин себзаминӣ дар анбори фурӯшандаҳои бозор низ монда аст ва онҳо маҷбуранд онро ба ҳар харидоре 5-килуграмӣ бифурӯшанд, то ба ҳама сокинони пойтахт бирасад.
Мудири "Бозори Шоҳмансур" Саидҷалол Муъминов мегӯяд, ки агар обуҳаво хуб шавад, нархи себзаминӣ ҳам арзон хоҳад шуд.
"Ҳамакнун мо дар анбор 17 тон картошка дорем. Худо хоҳад, вазъ ба зудӣ беҳтар мешавад. Агар ҳаво як ҳафта чун имрӯз гарму офтобӣ бошад, нархҳо низ арзон мешаванд ва ҳама метавонанд себзаминиро бо ҳамон нархи пешин, яъне 2,50 — 2,80 сомонӣ, харид кунанд".
Ӯ мегӯяд, Душанбе дучори буҳрони себзаминӣ нашуда, вале камбуди себзаминии маъмулӣ ва хушсифат воқеъан эҳсос мешавад.
Мудири бозори Шоҳмансур афзуд: "Мо кӯшиш мекунем ин масъаларо бо ҳар роҳе ҳалл кунем, то мардум якбора бе маводи хӯрокӣ намонанд. Аз ин рӯ, аз Ҷиргатол себзаминӣ меорем. Ҳар гоҳ ки тармаҳо ҳама фурӯ рехтанду роҳҳо рӯфтаву кушода шуданд, боз аз Масчо себзаминӣ овардан хоҳем гирифт. Ин навъ себзаминӣ воқеъан хушсифат аст, вале акнун бисёр гарон шудааст. Дар бозори мо онро бо нархе миёна метавон харид, вале дар бозори Гипрозем ё Водоносос себзаминии масчоиро бо нархи 4 сомонӣ ҳам пайдо намекунед. Ин навъ себзаминӣ дар он бозорҳо гаронтар аст".
Бояд захира кард
Дар паи боришҳои бисёр дар қаламрави Тоҷикистон ки дар сӣ соли гузашта назир надошт, аз оғози сол то кунун беш аз сад тарма фурӯ рехтааст. Офатҳои табиӣ натанҳо хисороти иқтисодӣ дар пай доштанд, балки ҷони беш аз 20 касро низ гирифтанд. Дар паи резиши тарма роҳро аз пойтахт ба манотиқ чандин рӯз баста шуд ва беш аз 200 худрав дар роҳи Душанбе — Хуҷанд банд монда буд.
Мудири бозори Шоҳмансур Саидҷалол Муъминов мегӯяд: "ин авохир офатҳои табиӣ дар кишвари мо зиёд шудаанд. Аз ин рӯ, чуноне ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда, бояд ҳар касе барои чанд моҳ маводи хӯрокӣ захира кунад".