Ҳувияти созандагони вируси WannaCry‍ маълум шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкНоутбук, архивное фото
Ноутбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфти коршиносон, созандагони вируси сироятии WannaCry‍ зодагони Куреи Ҷанубӣ, Ҳонконг, Тайван ё Сингапур ҳастанд

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи нашриёти South China Morning Post, барномаи вирусӣ аз ҷониби нафаре, ки ба лаҳҷаи ҷанубии забони чинӣ суҳбат мекунад, сохта шудааст.

Миллияти созандагони вирус дар паи пажӯҳиши забоншинохтӣ аз тарафи ширкати амрикоии Flashpoint муайян карда шудааст. Намонядагони ин ширкати пажӯҳишӣ мегӯянд, ки яке аз далелҳои аслӣ ин аст ки ҳангоми олудани шудани роёна ба ин вирус, аввал навишторе ба забони чинӣ пайдо шуда ва сипас ба инглисӣ баргардон мешавад.

Ин вирус аз забони инглисӣ бо барномаи худкор ба 26 забони дигар низ тарҷума шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз калидвожаҳо — libai "ҳафта" аксаран дар гӯишҳои ҷанубӣ ва ҷазираҳо ба кор бурда мешавад.

Компютерҳо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба тариқи интернет маълумоти ҳуқуқӣ паҳн мекунад

Вале устоди забони чинӣ дар Донишгоҳи Ҷимэй гуфт, ки вожаи libai дар гӯишҳои шимолии чинӣ низ истифода мешавад, аз ин рӯ як вожа наметавонад далел бошад.

Ёдовар мешваем, ки 12 май вируси  WannaCry‍ якбора роёнаҳои беш аз 200 касро дар 150 кишвари ҷаҳон бекор кард.

Бино бар додаҳои ширкатҳои ҷаҳонии антивирусӣ, ин вирус дар навбати аввал дар Русия, Украина ва Тайван паҳн мешавад, вале баъдтар ин барномаи сироятӣ ба Осиёи Марказӣ ҳам роҳ ёфт.

Лентаи хабарҳо
0