Тоҷикистон ба тариқи интернет маълумоти ҳуқуқӣ паҳн мекунад

© Sputnik / Сергей ПивоваровКомпютерҳо, акс аз бойгонӣ
Компютерҳо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манбаи интернетӣ бояд аз 1-уми июли соли 2017 ба кори худ шурӯъ кунад, ки дастрасӣ ба он ройнгон аст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik.Мувофиқи фармони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ ташкил карда шуд.

Қарори мазкур ба хотири ба тамоми шаҳрвандони хоҳишманд  дастрас гаштани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, қонунҳо, кодексҳо ва қарору фармонҳое, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва президент қабул карда мешавад, қабул карда шудааст.

Портали интернетӣ бояд аз 1-уми июли соли 2017 ба кори худ шурӯъ кунад, ки дастарсӣ ба он ройгон аст. Барои амали гаштани ин портал ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад.

Саҳифаи иҷтимоии Фейсбук. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интернети гарон ё чаро Тоҷикистон дар ҷойи 149-ум аст

Ҳоло дар кишвар аллакай ду сомонаи ба ин монанд фаъолият карда истодаанд: сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди президкенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонк мутамаркази иттилооти ҳуқуқии (Вазорати адлияи ҶТ). Дар ин сомонаҳои тамоми ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро метавон ба забони тоҷикӣ ва русӣ дарёфт

Пештар хабар дода шуд, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Душанбе гурӯҳи корие ташкил кардааст, ки аъзоёни он ба сокинон дар бораи санадҳои ҳуқуқии кишвар маълуимот медиҳанд. Дар гурӯҳи мазкур намояндагони роҳбарияти шаҳрдорӣ, муаллимон, табибон, ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва ҷомеашиносон  фаъолият мекунанд.

Мувофиқи қарори раиси шаҳр  намояндагони иҷроияи шаҳр ва роҳбарони тамоми ташкилотҳои шаҳрӣ бо намоядагони ин гурӯҳ вохӯриҳо ташкил мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0