ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Мусофирбарии заминӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон эҳтимолан ба зудӣ аз сар гирифта мешавад.
Бино ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, Алиҷон Валиев, намояндаи ширкати "Asian Express Terminal", гуфта ки ин ширкат музокиротро барои оғози мусофирбарӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон бо автобусро шурӯъ кардааст.
"Ширкати "Asian Express Terminal" бо масъулини сафорати Узбакистон музокира карда ва мунтазири посухи Тошканд аст", — гуфтааст Алиҷон Валиев.
Вай афзуда, дар сурати пазируфтани пешниҳоди ин ширкат аз сӯи Узбакистон, аз тирамоҳи имсол мусофирбарӣ дар масири Душанбе — Тошканд — Душанберо оғоз карда ва ҳамчунин тоҷиконро ба Самарқанду Бухоро хоҳанд бурд.
Ин масъули ширкати "Asian Express Terminal" гуфтааст, ки боз шудани роҳи мусофирбарҳо аз Тоҷикистон ба Узбакистон роҳ то Русияро низ наздиктар мекунад. Ҳамакнун автобусҳои ин ширкат аз Душанбе ба шаҳрҳои Русия аз қаламрави Қирғизистон мераванд, ки роҳе дуру душвор аст.