ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik.Ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон имрӯз ба Маскав меояд ва пас аз даҳ рӯзи танаффус бо намояндагони вазорати нақлиёти Русия гуфтушунидҳоро оид ба масоили парвоз давом медиҳад.
Дар ин бора ба РИА Новости роҳбари ҳайати нақлиёти Тоҷикистон, муовини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода хабар додааст.
"Рӯзи сешанбе мо гуфутушуниҳоро бо ҷониби Русия дар бораи парвозҳо, ки санаи 13-уми апрел қатъ гардида буд, давом медиҳем",- гуфтааст вай дар сӯҳбат бо РИА Новости.
Ба гуфтаи Ганҷалзода Тоҷикистон умедвор аст, ки ин дафъа қазияи парвози Ямал аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон ҳал мешавад.
Русия аз 3-уми апрел парвозҳои "Сомон Эйр"-ро аз Душанбе ва Хуҷанд маҳдуд кард. Чуноне ки Вазорати нақлиёти Русия баъдтар изҳор дошт, ин чораандешӣ аз ҷониби онҳо дар ҷавоб ба иқдоми Тоҷикистон нисбати парвозҳои ширкати ҳавоии "Ямал" аз фурудгоҳи Жуковский аст.
"Мо якчанд пешниҳод дорем, ки мехоҳем бо ҷониби Русия баррасӣ кунем",- изҳор доштаст муовини вазир.