Эмомалӣ Раҳмон болоравии нарху наворо дар моҳи Рамазон пешгирӣ мекунад

© Фото : Пресс служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, то дар моҳи шарифи Рамазон болоравии нарху навои маҳсулот дар бозорҳои кишвар пешгирӣ шавад

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik.  Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси ҳукуматӣ,ки рӯзи 26 май дар Қасри миллат баргузор шуд таъкид кард ва илова намуд, ки бозорҳои дохилӣ бояд бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ таъмин карда шаванд.

"Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо,раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот дар рӯзҳои моҳи рамазон, анҷоми амалҳои хайр дар ин рӯзҳо, хусусан дастгирии эҳтиёҷмандону бепарасторон дастуру супоришҳои мушаххас дод", — омадааст дар хабарнома.

Сбор хурмы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барои рӯзадорон: Арабистон ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо тӯҳфа кард

Ҳамчунин дар кори маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки сарвари давлат диққати роҳбарони ноҳияҳои Панҷ, Бохтар ва Ҷайҳунро ба масъалаи истифодаи самараноки замин, вусъати корҳои саҳроӣ, захираи маводи ғизоӣ, бунёдкорию созандагӣ, инчунин иҷрои саривақтии дигар дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумат ҷалб намуд.

Қаблан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро бо оғози моҳи шарифи Рамазон муборакбод гуфт.

Лентаи хабарҳо
0