ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Имрӯз сафҳаи фейсбукии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон навореро мунташир кард, ки дар он сафири Амрико Элизабет Миллард дар як муроҷиати худ тоҷиконро бо фаро расдани моҳи шарифи Рамазон муборакбод мегӯяд.
Дар аввал, сафир даст рӯйи сина гузошта салом мегӯяд, сипас бо як ҷумла бо забони инглисӣ аз номи Сафорати ИМА дар Душанбе фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро табрик гуфта, пас аз он ҷумлаеро ба забони тоҷикӣ такрор мекунад:
"Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак!".
Ёдовар мешавем, ки пештар хонум Элизабет Миллард дар яке аз маросимҳои тақдими китоб аз номи бародаршаҳри Душанбе Боулдер чанд мисраъ шеър ба забони форсии тоҷикӣ қироат карда буд.
Оғози моҳи шарифи Рамазонро Шурои уламои Тоҷикистон ба 27-уми май муайян кард. Дар Русия низ фатво доданд, ки моҳи шариф аз 27-уми май шуруъ мешавад.