ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Чанде пеш дар гузорише номи "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро "Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ" навиштем, ки эътирози шадиди намояндаи ин ниҳод дар Русияро дар пай дошт.
Вай далелу бурҳон пеш меовард, ки "меҳнат" ба маънии труд" аст ва "кор" ин маъниро надорад ва бо исрор талаб мекард, ки номи ин вазоратро чуноне бинависем, ки дар қонуну муқаррарот номида шудааст. Ҳарчанд далелу бурҳонаш ғалат буд, вале аз он ҷое, ки фарҳангу қонунҳо он ғалатро мусталаҳу "дуруст" кардаанд, ночор шудем ҳамон ғалатро ба кор бибарем. Дар ин навиштор мекӯшем собит кунем, ки "меҳнат" ба маънии "кор" нест ва корбурдаш дар ин мафҳум ғалат аст.
Фарҳангҳову вожаномаҳо вомвожаи арабии "меҳнат"-ро чунин тафсир кардаанд:
"Фарҳанги забони тоҷикӣ": Меҳнат — 1. мусибат, бало, бадбахтӣ, идбор. 2. ранҷ, азоб, уқубат, машаққат, заҳмат.
Меҳнатзада — балокаш, дучори бадбахтӣ, мусибатзада, азобкаш, дучори азобу ранҷу ано.
Меҳнатистон — ҷои бало, ҷои бадбахтӣ, ҷои азобу машаққат.
Меҳнатобод — ҷои бадбахтӣ, ҷои азобу машаққат.
Меҳнатрасон — расонандаи бало, расонандаи мусибат, озордиҳанда.
Меҳнатсарой — ҷои бало, ҷои бадбахтӣ, ҷои азобу машаққат.
"Луғатномаи Деҳхудо": Меҳнат — офат, балия, гирифторӣ, фитна; сахтӣ, машаққат, бадбахтӣ, никбат, хорӣ, душворӣ, дармондагӣ.
"Фарҳанги форсии Амид": Меҳнат — бало, сахтӣ, ранҷ.
"Фарҳанги форсии Муъин": Меҳнат — ранҷ, сахтӣ.
"Фарҳанги муъосири форсӣ": Меҳнат — андӯҳ, сахтӣ ва душвории зиндагӣ.
Меҳнатбор — муҷиби пайдоиши меҳнат.
Меҳнаткаш — дастхуши андӯҳу сахтӣ ва ногузир аз таҳаммули он.
"Фарҳанги форсӣ ба русӣ": محنت [меҳнат] сущ.; мн. محن [меҳан] испытание, трудность, затруднение; тяготы; محنت کشیدن (دیدن) [меҳнат кашидан (дидан)] — испытывать трудность, затруднения; переносить тяготы; страдать
محنتدیده [меҳнатдида] прил. 1) испытавший трудности, затруднения; 2) печальный, грустный
محنتزدگی [меҳнатзадагӣ] сущ. бедственное положение; затруднительное положение
محنتزده [меҳнатзада] прил. см. محنتدیده
محنتکش [меҳнаткаш] прил. бедствующий, испытывающий затруднения; несчастный;
"Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ": меҳнат — 1. азоб, ранҷ, машаққат, заҳмат. меҳнат кашидан — азобу машаққат кашидан, дар азоб будан. 2. фаъолияти мақсаднок ва ба ҷамъият нафъовари инсон, ки ранҷу кӯшиши ақлонӣ ва ҷисмонӣ металабад; кор.
Чуноне, ки аз ин додаҳо бар меояд, "меҳнат" дар забони мо маънии "кор"-ро надошта аст. Ин маъниро бар ин вожа дар замони шуравӣ бор кардаанд. Дар оғози даврони шуравӣ, ки коргарону кишоварзонро "заҳматкаш" мехонданд, "кор" ва "заҳмат"-ро инҳамон пиндоштанд ва сипас "заҳматкаш"-ро бо "меҳнаткаш" яке ангоштанду "меҳнат"-ро бо "кор" ҳаммаънӣ гирифтанд. Ҳамин маънии ғалат дар ҳама фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ, аз ҷумла дар "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ", сабт шуда ва аз онҳо дар фарҳангу вожаномаҳои дузабона роҳ ёфтааст. Вале ғалат ғалат аст, ҳарчанд мусталаҳ ҳам бошад ва бояд ислоҳ шавад.
Форсизабонон ҳаргуна фаъолияти иродии ҳадафманди инсонро "кор" мегӯянд. "Меҳнат" дар забони форсии тоҷикон ҳаргиз маънии "кор"-ро надошта ва ҳамеша дар маъниҳое ба кор рафта, ки болотар оварда шудаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин маъниҳо, "меҳнат" дар номи он вазорат бояд бо "кор" ҷойгузин шавад.
"Кор" дар ҳама фарҳангҳову вожаномаҳо "амал, шуғл, ҳунар, касб, пеша, ҳирфа, машғала" тафсир шудааст. Чунончи, "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" оварда: Кор — 2. Он чи ки касе ба он машғул аст, шуғл, пеша. Дар "Фарҳанги муъосири форсӣ" низ мехонем: Кор — 1. Ҳар навъ фаъолияти табиъӣ ё меконикӣ. 2. Фаъолияти рӯзмарра ва аслӣ, шуғл. 3. Фаъолияти иродӣ ва ҳадафманд…
"Кор" яке аз куҳантарин вожаҳои форсии тоҷикӣ аст ва беш аз се ҳазор сол пешина дорад: кор > форсии дарӣ: kār > порсии миёна: kār > порсии бостон: *kāra- ‘кор, куниш' > эронии бостон: *¹kar-: kr̥-: čar- ‘кардан, офаридан, сохтан' аз *kar- ба ҳамин маъно дар забони ниёҳиндуэронӣ.
"Чора" низ аз ҳамин реша рӯида ва "коргар" низ: kārgar > kārkar > *kāra-kara- ‘коркунанда, коргар'.
Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия аз забони русӣ далел меовард, ки "меҳнат" яъне "труд" ва ин вазорат "Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан" ном дорад. Боре, "меҳнат" ба забони русӣ ҳам "трудности, страдания, мучения" мешавад ва на "труд, работа". Аз ин рӯ, номи он вазорат ҳам мешавад "Министерство трудностей, страданий и мучений… населения Республики Таджикистан".
Форсизабонон аз "кор" чунин вожаву истилоҳот сохтаанд: корафзор, корозмуда, корофарин, корогоҳ, коромад, коромӯз, корандом, корандомшинос, корандомшинохтӣ, корона, короӣ, корбар, корбурд, корбурдӣ, корбанд, корпардоз, корпажӯҳ, корперо, корҷӯй, корҷӯӣ, корхона, коргоҳ, кордор, кордон, кордида, корсанҷ, коршинос, коршиносӣ, корфармо, коркун, коргар, коргардон, коргузор, коргузин, коркушо, кору бор, корварз ва бисёре дигар. Дар ин истилоҳот «кор-» ба маънии асливу дақиқи худ омадааст ва наметавон онро бо "меҳнат" ҷойгузин кард.
Бо таваҷҷуҳ ба ин далоил, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мекунам, номи ин вазорат ва дигар идораву созмонҳои давлатиро бознигарӣ ва ислоҳ кунад.
Дидгоҳи матраҳшуда дар ин навиштор дидгоҳи худи нависанда аст ва метавонад бо дидгоҳи хабаргузорӣ ҳамсӯ набошад.