Аз дер боз овоза буд, ки шаҳри Қӯрғонтеппаро номгардон хоҳанд кард ва саранҷом дирӯз ин овоза дуруст баромад. Яке аз расонаҳо дирӯз хабар дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасмими гирифта шаҳри Қӯрғонтеппаро Бохтар ном гузорад. Ҳамчунин шаҳри Сарбандро Леваканд ва ноҳияи Бохтарро Кушонкада хоҳанд номид.
Ин тасмим чандон пухта ба назар намерасад ва бояд бознигарӣ шавад. Дар воқеъ, Бохтар номидани Қӯрғонтеппа чанд ишкол дорад. Аввал ин, ки ҳеч далелу пояе надорад. Зеро ҳамин акнун ноҳияе ин номро дорад. Ин ҷойномро аз он ноҳия гирифтану бар ин шаҳр гузоштан корест ёваву беҳуда. Бигзарем аз ин, ки ҳазина ҳам дораду пуле калон бар бод меравад.
Аммо чаро "Бохтар" барои Қӯрғонтеппа муносиб нест? Ин пурсишро бояд муфассал посух дод. "Бохтар" дар забони мо чанд маънӣ доштаву дорад. Чунончи, имрӯз "бохтар" ба маънии "ғарб; мағриб" аст. Аммо дар осори садаҳои IX — XV "бохтар" ба маънии "шарқ, машриқ" ба кор рафтааст. Вале дар қадимтарин осор маънии ин вожа "шимол" буда, ки дар "Авесто" оварда шудааст. Ин маънӣ дар ин гуфтовард аз "Торихи Систон" ошкору рӯшан аст: "Ва аммо ҳукамои олам ҷаҳонро бахшиш карданд бар баромадану фурӯ шудани Хуршед ба нимрӯз ва ҳадди он чунон бошад, ки аз сӯи машриқ аз онҷо, ки Хуршед ба кӯтоҳтарин рӯзе барояд ва аз сӯи мағриб аз онҷо, ки Хуршед ба дарозтарин рӯзе фурӯ шавад ва ин ба илми ҳисоб маълум гардад ва ин ҷумларо ба чаҳор қисмат кардаанд: хуросону ховарону нимрӯзу бохтар. Ҳарчи ҳадди шимол аст, бохтар гӯянд ва ҳарчи ҳадди ҷануб аст, нимрӯз гӯянд ва миёна андар ба ду қисмат шавад: ҳарчи ҳадди шарқ аст, хуросон гӯянд ва ҳарчи мағриб аст, ховарон, валлоҳ ал-мустаъон".
Инро ҳам бояд донист, ки дар омӯзаҳои зардуштӣ Бохтар, яъне шимолро, ҷойгоҳи Аҳриману девону дӯзах мешумурданд ва аз ин рӯ имкон надорад, ки сарзамине, ки Зардушт аз он бархоста ва динашро густаронда, Бохтар ном дошта бошад.
Агар номгардонон "Бохтар"-ро баробари тоҷикии "Бактрия" пиндошта бошанд, иштибоҳ мекунанд. Бактрия, ки дар юнонии бостон Βακτριανή ҳам гуфта мешуд, дар воқеъ талаффузу таронависии юнонӣ аз ҷойноми Bāxtrī- дар порсии бостон аст. Ин ҷойном, бино бар "Фарҳанги решашинохтии забонҳои эронӣ", дар гузор аз порсии бостон ба форсии имрӯз Балх гаштааст: эронии бостон: *bāxθrī- > порсии бостон: Bāxtrī- авестоӣ: Bāxδī-; балхӣ: βαχλο > порсии миёна Bāxl, Bālx > порсии дарӣ: Balx (ведоӣ: bálhika- ‘номи мардуме дар шимолу ғарби Ҳинд' дар санскрит — bāhlīka-) аз *ˡbag-: baj ‘бахш, пора'.
Вале вожаи "бохтар" аз дигар реша рӯида ва чунин дигаргун гаштааст: форсии дарӣ: bāxtar ‘шарқ' < порсии миёна: *apāxtar ‘шимол' < авестоӣ: apāxtara-‘шимолӣ' < эронии бостон: *apāk-tara-‘шимолӣ' < *apāk- ‘пушти сар' + *-tara — пасванд. Ҳамин вожа дар забони балхӣ мешуда: αβαχρανο, βαρχανο, αχρανο ‘шимол' < *apāxθra-, авестоӣ: apāxəδra- < pāš ‘шимол' дар суғдӣ.
Чуноне, ки аз ин додаҳо ошкор аст, сарзамине, ки Вахшу Хатлон замоне бахше аз он буданд, ҳамеша Балх ном доштаву дорад, на Бохтар. Чунин ҷойноме дар ҷуғрофиёи торихии мо вуҷуд надорад. Агар ниёконамон сарзамину шаҳри Балхро Бохтар меномиданд, мо Мавлоно Ҷалолиддинро Бохтарӣ меномидем, на Балхӣ. Дар омади сухан бояд гуфт, ки агар масъулин мехоҳад ҷойномҳои торихиро зинда кунанд, бояд пеш аз ҳама "ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ"-ро номгардон кунанду Ҳаловард биноманд, ки номи асливу бостонии он ноҳияву марказаш аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин решаву маъниҳо, номгузории Қӯрғонтеппа ба Бохтар бемаврид ва бепоя аст. Қӯрғонтеппа на ҳамон Балх аст ва на дар шимол ё шарқ ё ғарб ҷой дорад, ки далеле бар Бохтар номиданаш бошад. Агар қарор аст, ки шаҳри Қӯрғонтеппа номгардон шавад, ягона номе, ки бояд бар он ниҳод, Левканд аст.
Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳр дар ҷои Қӯрғонтеппа ҳануз дар замони Кушониён (садаҳои I — IV м.) вуҷуд доштааст. Он шаҳр то замони густариши ислом дар Туронзамин яке аз ободтарин шаҳрҳои Вахш будааст. Дар авохири садаи VII — оғози садаи VIII ин шаҳрро мусулмонон гирифтанд ва аз он пас дар торихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи Ловканд ва Левканд ёд шудааст. Чунончӣ, Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Форсии Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» (навишташуда дар соли 950 м.) менависад ки «аз Ловканд (لاوکَند) то Ҳаловард (هَلاوَرد) як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст». Қадимитарин асари ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ — «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» ки дар соли 982 м. таълиф шудааст — оварда ки «Левканд (لیوکَند) аз Вахш аст, ҷоест ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад». Яке дигар аз ҷуғрофидонони машҳури садаи Х — Абуабдуллоҳ ибни Аҳмади Муқаддасӣ (945 — 1000 м.) дар китоби маъруфаш «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ал-ақолим» низ ин шаҳрро «Ловканд» (لاوکَند) хондааст.
Бино бар манобеъи торихӣ, Левканд дар садаҳои X — XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда, вале ҳангоми ҳамлаи муғул дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шуда аст. Дар паи қатли омми левкандиён ба дасти муғулҳо номи шаҳр аз ёдҳо рафт ва ҷояш низ фаромӯш гашт. Пас аз ҳафтсад сол вайронаҳои Левкандро бостоншиноси шуравӣ Т.И. Зеймаль пайдо кард. Дар паи ковишҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофиёӣ ошкор шуд, ки Левканд ҳамон харобаҳои Қӯрғонтеппа буда, ки калонтарин харобаест, ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае будааст, ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ доштааст.
Ободии дубораи шаҳр аз садаи XVI оғоз мешавад. Номи кунунии шаҳр дар торихномаҳои садаи XVII омада ва баргирифта аз қалъаест ки бар теппае дар маркази шаҳр, дар миёни Ҷӯйбор ва Ҷӯи Хонум, ҷой дорад. Ба гуфтаи бостоншиносон ин теппа ҳанӯз дар замони ҳукмронии Кушониён вуҷуд доштааст.
Бо чунин решаву пешина, агар қарор аст, ки шаҳри Қӯрғонтеппа номгардон шавад, муносибтарин номе, ки метавон бар он ниҳод Левканд аст.
Левканд ҷойномест балхӣ ки аз ду бахш сохта шудааст — lēw + kand: барои бахши нахусти ин ҷойном ду реша аз вожаҳои эронии бостон пешниҳод шудааст:
- lēw > *daiu̯a- ‘Худо, эзид; дев' дар паи воҷгардии *d > l дар забони балхӣ;
- lēw > *raiu̯a- ‘доро, шукӯҳманд' дар паи воҷгардии *r > l чун дар гӯиши фарғонии забони суғдӣ;
- kand > *kanθā- ‘ободӣ, шаҳр'
Аз ин рӯ, метавон эҳтимол дод, ки *daiu̯a-kanθā- > lēwkand ба маънии "Эзидшаҳр" буда ва lēw дар он ишора ба эзиде дорад, ки дар он шаҳр парастишгоҳаш будааст. Аз дигар сӯ, яке аз эзидоне, ки ёдаш дар ҷойномҳо боз монда, Хуршед аст, ки бо сифат ё унвони *raiu̯a- ёд мешуд. Чунончи, дар "Авесто" ин вожа чун raēuua- оварда шуда: hvarəxš͎aētahe aməšahe raēuuahe ‘Хуршеди ҷовидону сарватмандро'. Ҷойномҳое ки аз номи ин эзид сохта шудаанд, дар сарзамини Суғд бисёр будаанд. Аз он ҷумлаанд: Рев, Ревоҷ, Ревад, Ревдод, Ревдон, Ревартун, Ревакон, Ревгон.
Яке аз ойинҳои ниёконамон ин буда, ки рӯзҳову моҳҳояшон ба ёди эзидон номгузорӣ шуда буданд, ва ҳар рӯзе, ки бо моҳаш ҳамном мешуд, он рӯзро ба ёди ҳамон эзад ҷашн мегирифтанд ва бозорҳо баргузор мекарданд. Абурайҳон Берунӣ дар ин бора дар "Осор ул-боқия" гуфтааст: "Суғдиёнро расм ин аст, ки дар рӯзҳое, ки бо моҳҳояшон ҳамном бошанд, дар рустоҳои Бухорову Суғд бозорҳо бар по кунанд". Истахрӣ низ ин расмро ёд кардааст. Рустоҳое, ки дар онҳо бозор баргузор мешудаанд, ба ёди ҳамон эзидоне номгузорӣ мешудаанд. Чунончи, дар Хурмузун ҷашну бозор дар нахустин рӯз аз моҳ баргузор мешуда ва дар Ардахушметан дар 3-умин рӯз аз моҳ, дар Хурметан дар 11-умин рӯз аз моҳ, дар Рометан дар 21-умин рӯз, дар Марсманда дар 29-умин рӯз ва дар Хушминҷкат дар охирин рӯз аз сол. Ҳамин номгузорӣ аз рӯи ҷашну бозор дар номи Душанбе низ боз монда, ки замоне дар рӯзҳои душанбе инҷо бозор мешудааст.
Аз ин рӯ, метавон пазируфт ки *raiu̯a-kanθā- > lēwkand низ ба маънии "Эзидшаҳр" аст. Шаҳре ки номаш чунин маънӣ дошта бошад, ҳануз ҳам дар Эрон бар ҷост — Язд.
Агар Левкандро ба ҳар далеле барои Қӯрғонтеппа қабул надоранд, маркази вилояти Хатлонро метавон Хуталканд номид, ки бисёр муносибтар аз Бохтар аст. Бохтар ба ҳеч ваҷҳу далел ҷойноми муносиб нест ва беҳтар аст аз корбурдаш худдорӣ кунанд. Агар бисёр мехоҳанд ноҳияи Бохтарро номгардон кунанд, метавонанд онро Кушония ва марказашро Кушоншаҳр биноманд, ки пояе дар торих дорад.
Дидгоҳи матраҳшуда дар ин навиштор дидгоҳи худи нависанда аст ва метавонад бо дидгоҳи хабаргузорӣ ҳамсӯ набошад.