Умед Ҷайҳонӣ: Наврӯз ҷашни оғози соли нави миллии тоҷикон аст

© Личный архив Умеда ДжайханиУмед Ҷайҳонӣ. Акс аз бойгонӣ
Умед Ҷайҳонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пажӯҳишгари тоҷик дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи бархе аз ойинҳои наврӯзӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Умед Ҷайҳонӣ, яке аз пажӯҳишгарони ториху фарҳанги тоҷикон, дар ин мусоҳибаи кӯтоҳ дар бораи бархе аз ойинҳо ва вижагиҳои ҷашни Наврӯз дар манотиқе аз Тоҷикистон гуфт: "Наврӯзро дар бархе аз рустоҳои Помир чунин ҷашн мегиранд, ки бомдоди он рӯз найнавозе бо навои баҳорӣ мардумро аз фаро расидани Наврӯзу Соли нав огоҳ мекунад. Аммо пеш аз он мардум аз чанд рӯз пеш хонатаконӣ мекунанд. Кишоварзон барои кишту кор омода мешаванд".

Вай афзуд: Яке аз ойинҳои наврӯзӣ ин аст ки пеш аз фаро расидани Наврӯз ҳатман бояд шустушӯ ва таҳорат кард. Дар он рӯз бояд пӯшоки нав ё тоза ба бар кард то дар соли нав поку покиза ва хушу хуррам буд.

Аз дигар намодҳои муҳими ин ҷашн суфраи наврӯзӣ аст ки ҳар кадоме аз хӯрокҳояш маъниву намоде дорад.

"Оростани суфраи наврӯзӣ бо Ҳафтсин яке аз ойинҳои бисёр муҳимин ин ҷашн аст, — тавзеҳ дод Ҷайҳонӣ ва афзуд: Бархе аз хӯрокҳо танҳо дар остонаи ҷашн ва ё дар рӯзи Наврӯз омода карда мешаванд, ки тародод ё суннате бисёр куҳан аст. Ин суфрае ки акнун дорем, бо суфрае ки ниёконамон омода мекардаанд, бисёр тафовут дорад. Чунончи, дар қадим 40 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳое гандум ва дигар ғаллаҳоро мерӯёнданд ва аз рӯи онҳо ҳосилашонро дар соли нав пешбинӣ мекардаанд. Бовар бар ин буда ки ҳар кадоме пеш аз Наврӯз беҳтар бирӯяд, ҳамонро бештар мекоштаанд. Дар Тоҷикистон яке аз хӯроки аслии суфраи наврӯзӣ суманак аст. Аммо дар Бадахшон дар ин рӯз боҷ мепазанд ки хӯрокест аз гӯшту гандум".

Вай дар бораи барномаҳои фарҳангии ҷашни Наврӯз гуфт, ки акнун аз он ҷое ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои расмии кишвар шуда, барномаҳояш бештар теотрӣ шуда ҳастанд. Пештар ойинҳои ҷашни Наврӯз бештар ҷанбае мардумӣ доштанд. Расм буд ки соли навро ҳатман бо хонавода ҷашн бигиранд. Чанд рӯз пеш аз фаро расидани Наврӯз ойини чаҳоршанбеи сурӣ баргузор мешуда ки ҳануз ҳам дар бархе аз манотиқи кишвар барпо мешавад. Вале дар бархе дигар аз рустоҳо ин ойин аз охирин чаҳоршанбеи сол ба шаби Наврӯз гузаштааст. Дар ин шаб гулхане меафрӯзанд ва гирдаш базм меороянд ки то фаро расидани соли нав бар пост. Сипас мардум аз болои гулхан парида ва бо нияти аз худ дур кардани балоҳо мегуфтанд "сурхии ту аз ман, зардии ман аз ту".

Бархе аз бар инанд, ки ин ойин аз дини зардуштӣ боз мондааст. Вале бояд донист ки оташ барои пайравони дини Зардушт муқаддас буд ва паридан аз болояш гуноҳ буд. Аз ин рӯ, метавон эҳтимол дод, ки ин ойин аз замонҳое куҳантар аз Зардушт боз монда ва то кунун расидааст.

Умед Ҷайҳонӣ таъкид кард, ки Наврӯз ҷашни оғози соли нави мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон, аст. Вале ин хешкории аслии Наврӯз дар Тоҷикистон нодида гирифта мешавад, вагарна солшумории расмии кишвар бояд аз ин рӯз оғоз шавад.

Лентаи хабарҳо
0