Раиси Хатлон: 40 ҳазор аз сокинони вилоят узбактаборанд

© wikimedia.org/VargaAШаҳри Қурғонтеппа. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Қурғонтеппа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома ёфт. Давлат Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар маросими ифтитоҳи ин барнома фарҳангиёни узбакро ба Тоҷикистон хушомадед гуфт ва хабар дод, ки дар ин вилоят чиҳил ҳазор узбактабор зиндагӣ доранд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputniк. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ, маросими оғози барномаҳои Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар вилояти Хатлон 11 май дар Театри Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлат Гулмаҳмадзода дар ин маросим меҳмононро ба шаҳри Қӯрғонтеппа хайрамақдам гуфт ва афзуд, ки дар ин вилоят 40 ҳазор узбактабор зиндагӣ мекунад, ки 17 дарсад аз сокинони ин вилоятро ташкил медиҳанд.

Вай аз саҳми чашмгири онҳо дар пешрафтҳои иҷтимоъиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мадании вилоят ёдовар шуд.

Певица Севинч Муминова - Sputnik Тоҷикистон
Аз Севинч то Ғуломҷон: рақсу бозии фарҳангиёни Узбакистон дар Тоҷикистон

"Мардумони узбак ва тоҷик аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буда, чун як хонаводаи тифоқ зиндагӣ мекарданд. Мо бо Узбакистон на танҳо сарҳади муштарак дорем, балки урфу одат ва арзишҳоямон низ монанд аст. Моро бо ҳам риштаҳои зиёди иҷтимоъӣ, торихӣ ва фарҳангӣ мепайванданд", — гуфт Давлат Гулмаҳмадзода.

Вазорати фарҳанг гузориш дода, ки аҳоливу меҳмонони шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи консертии фарҳангиёни узбакро бисёр хуш пазирӯфтанд.

Лентаи хабарҳо
0