ДУШАНБЕ, 11 май — Sputniк. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ шоми 10 май дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон оғоз шуд.
Фарҳангиёни узбак барномаи хотирмони консертиро манзури ҳаводорони созу овоз карданд.
"Ҳунарнамоии овозхонони шинохта Севинч Муъминова, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Анвар Собиров ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси "Ӯзбекистон" писанди аҳли нишаст гардид", — омадааст дар хабарнома.
Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Ғуломҷон Ёқубов дар бораи дӯстиву рафоқати мардумони тоҷику узбак ҳарф зада, гуфт. "Тоҷику узбак ҳарчанд ду забон доранд, аммо як дил доранд, урфу одати ягона, тӯйи ягона ва ҳатто таоми ягона доранд. Дар Узбакистон ҳам оши палов ва дар Тоҷикистон ҳам оши палов мехӯрем. Дӯстии мову шумо абадӣ аст ва абадӣ хоҳанд монд!".
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар суханронияш гуфт, ки Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон боиси мустаҳкам гардидани муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя хоҳанд гардид.
"Фалсафаи фарҳанги тоҷик басо амиқу ибратомӯз аст. Дӯстиву рафоқат дар ин фалсафа мақоми хоса доранд. Донӣ, ки чист давлат, дидори ёр дидан, дар кӯи ӯ гадоӣ, дар хусравӣ гузидан", — гуфт Шамсиддин Орумбекзода.
Муовини аввали вазири фарҳанги Узбекистон, Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов низ аҳли толор ва фарҳангиёнро бо ибтидои ин падидаи хотирмони фарҳангӣ муборакбод намуд.
"Миннатдории худро ба раҳбарони Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг барои чунин ибтикор изҳор медорам. Тули ду рӯз ҳар ҷое равем, моро бо дили кушод ва лабони пуртабассум пешвоз мегиранд", — изҳори хушҳолӣ кард Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов.
Вазири узбак дар бораи ба дӯстиву бародарии ду адиби машҳури тоҷик ва турк — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ёдовар шуд ва аз шоҳасарҳои ин ду шоири шинохта порчаҳо дар бораи дӯстиву рафоқат қироат намуда, суханрони худро бо мисраҳои машҳури сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ "Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷахон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон" ба поён расонд.