ДУШАНБЕ, 14 май — Sputniк. Аморати Муттаҳидаи Арааб мехоҳад бо роҳи гудохтани яхкӯҳ аз мушкилоти камобӣ раҳо ёбад.
Ба гуфти мудири Пажӯҳишгоҳи ҳавошиносии созмони "Тайфун" Владимир Иванов ин равиши яхгудозӣ ба обу ҳавои минтақа низ таъсири мусбат хоҳад расонд.
"Ин равиши об кардани кӯҳяхҳо чанде боз омӯхта мешуд", — гуфт ин коршинос дар суҳбат бо радио Sputnik.
Ӯ афзуд, ки баҳрагирӣ аз кӯҳяхҳо барои табиати ҷаҳон ба куллӣ хатаре нахоҳад дошт.
"Ин равиши ҳосил намудани об ба зистбум хатаре нахоҳад дошт. Вале бо ин роҳ метавон барои минтақаи хушк об ҳосил кард", — гуфт Иванов.
Аморати Муттаҳидаи Араб се сол боз дар паи ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави обрасонӣ аст.