ДУШАНБЕ, 11 май — Sputniк. Ҳамакнун ларзапажӯҳон наметавонанд заминларзаро дақиқ пешгӯӣ кунанд ва бино ба далоили айнӣ, мушкилтарин пешгӯиҳо пешгӯиҳои кӯтоҳмуддате ҳастанд, ки барои наздиктарин соатҳову рӯзҳо пешниҳод мешаванд.
Чуноне, ки муовини бахши заминшиносии мудири Пажӯҳишгоҳи дарёшиносии Фарҳангистони улуми Русия дуктури улуми физику риёзӣ Леонид Лобковский дар суҳбат бо родюи Sputniк мегӯяд, имрӯзҳо метавонем шоҳи пешрафтҳои бузурге дар илми ларзашиносӣ шавем.
"Донишмандони ҷопонӣ эълом кардаанд, ки дар назар доранд пӯстаи Заминро то гӯштааш бишикофанд ва аз ин қисмат, ки то кунун пажӯҳиш нашудааст, намуна бардоранд", — гуфт вай.
"Пажӯҳишгарон умедворанд, ки ин озмоиш имкон хоҳад дод равандҳое, ки дар жарфои Замин мегузаранд, аз он ҷумла равандҳои заминсохтӣ ва ларзашинохтӣ, беҳтар пажӯҳида шаванд ва сомонаи пешгӯии заминларза офарида шавад", — тавзеҳ дод Леонид Лобовский.
"Бартарии ин озмоиш дар он аст, ки ковиши пӯстаи Замин шароиту имконро барои омӯзишу пажӯҳиши мустақими маъдансангҳое фароҳам меоварад, ки дер ё зуд дар минтақаи ларзишхезе қарор хоҳанд гирифт, ки шадидтарин заминларзаҳо онҷо рух медиҳанд", —гуфт ин дуктури улуми физику риёзӣ.
Вай афзуд, ки дар оянда ҳама муделҳои назарӣ ва фарзияҳо дар илми ларзашиносӣ бар додаҳои ин озмоиш бунёд хоҳанд ёфт.